Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАРАННУМИ ВАТАН ДАР “САФО”
Маҷаллаи “Сафо” ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 - солагии таъсисёбиаш таҳти унвони “Тоҷикистон - ҷавлонгаҳи эъҷоз” ва “Чакомаи истиқлол” ду озмуни эҷодӣ эълон намуд, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи миллӣ ҷамъбаст карда шуд.
Дар озмуни “Тоҷикистон ҷавлонгаҳи эъҷоз” суратгирони касбӣ, аксбардорони ҳаваскор, алокамандони соҳа, кормандони нашрияҳои маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Аксҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун инъикоскунандаи зебогиҳои диёр, расму оини миллӣ, ҳунаҳои мардумӣ, хушҳолии сокинон, таровати табиат, пурбории зироат ва чеҳрахои мондагор мебошанд. Суратҳое, ки бо сифати баланд бардошта шудаанду манзуну муҳтавои эҷодию бадеӣ доранд, давоми сол дар саҳифаҳои ҳар шумораи маҷаллаи рӯи чоп омада истодаанд.
Ҳамчунин маљаллаи вилоятии «Сафо» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар ҳамбастагӣ озмуни адабии «Чакомаи Истиқлол»-ро роҳандозӣ намуданд. Дар озмуни мазкур низ доираи васеи шоирону нависандагони соҳибқаламу навқаламони эҷодкор ва рӯзноманигорону равшанфикрон ширкат варзида, дар қолаби жанрҳои гуногун беҳтарин намунаҳои осори назмиашонро, ки тараннумгари арзишҳои миллию ватандорӣ, истиқлолияту ваҳдат ва ободонию шукуфоии диёр буд, пешниҳод намуданд.
Сармуҳаррири маҷаллаи «Сафо» Латофат Мирзосаидиён зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо зикр дошт, ки иқдоми мазкур дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори ҷашни бошукӯҳи Ватан ташкил карда шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштани ҳисси худшиносию ифтихори миллӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ миёни ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон мебошад.
Мавсуф дар идома шарикии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониёнро дар баргузории яке аз озмунҳо нишона аз ҳамкории самарабахш номида, изҳор дошт, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳои дуҷониба бо дигар навоҳии вилоят низ роҳандозӣ мегардад.
Сипас мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Баҳром Миров дар суханронии худ аз иқдоми маҷаллаи «Сафо», ки муассиси он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аст, истиқбол намуда, таъкид дошт, ки доир намудани чунин озмунҳо дар тарбияи маънавиии мардум, завқи эҷодӣ нақши муҳим мебозад.
Бо ҳамин тартиб эҷодкорони умедбахш вобаста ба озмунҳо фикру мулоҳизаи худро баён намуда, иброз доштанд, ки эълон гардидани чунин озмунҳои адабӣ дар сайқал додани маҳорати касбиашон мусоидат менамояд.
Дар қисмати тантанавӣ ба ғолибони озмуни “Чакомаи истиқлол” ва «Тоҷикистон- ҷавлонгаҳи эъҷоз» диплом ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
МУҲАББАТ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



