Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДУ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Дар деҳаи Қумшоқи ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Вазири маориф ва илми мамлакат, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 барои ба таҳсил фаро гирифтани 240 хонанда дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи болозикр Комил Очилдиев сохтмони бинои таълимӣ дар доираи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ба нақша гирифта шуда буд.
Иншоот бо харҷи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, корҳои сохтмонӣ соли 2019 оғоз гардида буд. Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Баракати Сарбанд” иҷро гардиданд.
Муассисаи таълимӣ як ошёна буда, дорои 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон мебошад.
Ҳамчунин дар ин боргоҳи маърифат буғхона, ҳавзи нигоҳдории об ва дигар инфрасохтори зарурӣ тибқи лоиҳа сохта шудааст.

Инчунин дар деҳаи Айвоҷи ин ноҳия бо иштироки меҳмонони дар боло зикргардида бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №54 барои ба таҳсил фаро гирифтани 349 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



