Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БУНЁДИ МАКТАБ АЗ ҶОНИБИ СОҲИБКОР
Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Даврон Ҷӯраев бо харҷи 10 миллион сомонӣ дар деҳаи “Роҳи нав”-и деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 сохта ба истифода дода шуд.
Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳияи болозикр Сайфиддин Валиев иттилоъ дод, мактаб аз 16 синфхона иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 750 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар расми ифтитоҳи он вазири маориф ва илми мамлакат Имомзода Муҳаммадюсуф, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки бунёди ин боргоҳи маърифат дар арафаи соли нави хониш ва истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нек ва туҳфаи арзишманд ба сокинони маҳал мебошад.

Барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати бунёдкоронаву созанда соҳибкор Даврон Ҷӯраев бо ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демакратии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57



