Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БУНЁДИ ПАНҶ ИНШООТ АЗ БУҶЕТИ ВИЛОЯТ
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон панҷ иншоот ҳамчун иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре зимни суҳбат мутахассиси пешбари ниҳоди болозикр Муртазо Назифов иброз дошт, марҳилаи аввали Беморхонаи вилоятии клиникии бемориҳои сироятӣ барои 200 кат дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон бинои озмоишгоҳи санитарӣ ва ошхонаи беморхона пурра омода буда, насбу васли таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти он бо рахти хоб рафта истодааст.
Номбурда афзуд, ки дар соли 2019 сохтмони бинои таълимии мактаб барои 320 хонанда дар Ҷамоати деҳоти “Бохтариён”-и ноҳияи Кӯшониён бо харҷи 3 миллиону 659,5 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.
Инчунин бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо толори маҷлисгоҳ бо иштироки раиси вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар иншооти муассисаи томактабӣ барои 210 ҷой дар маркази шаҳри Левакант низ корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Ҳамзамон сохтмони марҳилаи якуми бинои муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар Ҷамоати деҳоти “Ғаллаобод”-и ноҳияи Хуросон бо маблағи 6 миллиону 491,6 ҳазор сомонӣ бо тамоми таҷҳизоту ашёҳои таълимӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мавриди истифода қарор гирифт.
Ба иттилои ҳамсуҳбатам корҳои пардозгарӣ ва пайваст намудани иншооти Маркази вилоятии стамотологии шаҳри Бохтар ба шабакаҳои обу корез идома дошта, ин марказ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар ба истифода дода мешавад.
Дар ин радиф корҳои сохтмонӣ дар бинои Қароргоҳи Президенти мамлакат дар ноҳияи Шаҳритус ва азнавсозии меҳмонхона ва толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо маром идома доранд.
-Нақшаи маблағгузорӣ ба иншооти сохташаванда дар соли 2021 дар ҳаҷми 7 миллиону 540 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардида, аллакай 80 фоизи маблағҳо аз худ карда шудаанд,-гуфт М. Назифов.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



