Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХУРМО АКНУН АРЗОН НЕСТ
Сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Азизмо Маҳмадиева барзгарест, ки пешбурди зиндагиашро беш аз 15 сол аст, ки аз пушти кишоварзӣ мечархонад. Ӯ бо аҳли оилааш дар масоҳати 18 гектар хоҷагии деҳқонии “Ширин”-ро таъсис додааст, ки дар он маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ кишт карда мешаванд. Ҳамчунин дар майдони ҳафт гектари ин хоҷагӣ боғ бунёд кардааст, ки дар он дарахтони гуногуни мевадиҳанда аз қабили зардолу, олуча, хурмо ва олу нашъунамои хуб доранд. Ҳамасола маҳсули дастранҷи хешро ба бозорҳои мамлакат бароварда, фоидаи хубе ба даст меорад.
Аз бригадирӣ то роҳбарии хоҷагӣ
Апаи Азизмо аз соли 2000-ум то соли 2005-ум ҳамчун бригадир дар хоҷагии “Озарбойҷон”-и ноҳияи болозикр фаъолият кардааст. Дар ихтиёри ин зани кордон он замон 70 гектар замин будааст ва бештари аъзоёни бригадаи ӯ занҳо буданд.
-Дар он айём ба кишоварзӣ машғул шудан бениҳоят мушкил буд,-ба ёд меорад лаҳзаҳои бригадириашро апаи Азизмо. –Мардум дар саҳро танҳо ба хотири ғӯзапоя ба нигоҳубини пахта машғул мешуданд. Ҳамеша ҳамаи часпу талоши хешро баҳри он равона мекардам, ки аз кадом ҳисобе набошад барои аъзоёни бригада кумак намоям. Ба ҳамаи он мушкилот нигоҳ накарда, кӯшиш мекардем нақшаи бар зиммаамон бударо таъмин намоем. Бригадаи мо ҳамеша дар таъмини нақшаи пахта аз ҳама пешсаф буд, - мегӯяд ин зани барзгар.
Соли 2005-ум Азизмо Маҳмадиева бо аҳли оила хоҷагии деҳқонии хешро таъсис дода, дар майдони як гектар боғи зардолу бунёд мекунад. Бо фарзандон дар боғи бунёдкардааш аҳлона меҳнат карда, рӯзгори хешро пеш мебарад.

Акнун фарзандон ба муҳоҷират намераванд
Соли 2011 барои апаи Азизмо соли фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад. Чунки дар ин сол бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда ба қавле, ин вохӯрӣ барои ӯ пешравиҳои назаррасро ба бор овардааст.
-Ҳамон сол сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ буд,- нақл мекунад апаи Азизмо. -Дар ин сафари хеш Ҷаноби Олӣ аз зардолубоғи ман низ дидан карданд. Зимни суҳбат аз ман пурсиданд, ки чӣ мушкилот дорам. Ман аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш кардам, ки барои хоҷагии мо як трактор намерасад. Ҳамон замон Пешвои муаззами миллат ба Муродалӣ Алимардонов супориш доданд, ки то пагоҳ дархости маро иҷро кунад. Субҳи барвақт Муродалӣ Алимардонов як трактори наппа навро ба хонаи ман овард ва аз номи Ҷаноби Олӣ ба ман туҳфа кард, ки то ҳол ин техника дар пешбурди кори деҳқонии оилаи мо хизмат карда истодааст,-бо хушнудӣ аз он рӯзҳо ёдоварӣ кард апаи Азизмо.
- Дар ҳамон вохӯрӣ ман ба Роҳбари давлат қавл додам, ки фарзандонро намегузорам ба муҳоҷират раванд,-идома дод зимни суҳбат ин зани чашмикордон.-Бо фарзандон дар хоҷагии деҳқонии таъсисдодаам меҳнат мекунам ва дар пешрафту ободии диёри хеш саҳм мегузорам. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ман гуфтанд, ки майдони замини боғро васеъ кунам. Ин таклифи Ҷаноби Олиро ба ҷону дил пазируфтам ва марҳила ба марҳила майдони заминҳои хоҷагии деҳқониамро зиёд кардам, ки айни ҳол он ба 18 гектар расидааст.
Соли 2012 барои хизматҳои арзандааш Азизмо Маҳмадиева бо мукофоти давлатӣ, Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида мешавад. Ин зани соҳибтаҷриба чун ба Роҳбари давлат қавл дода буд, ки фарзандонро ба муҳоҷират намефиристад, то ҳол ба ваъдааш содиқ аст. Се писараш дар корҳои хоҷагидорӣ ба ӯ кумак карда истодаанд ва маҳсули дасранҷи хешро ба бозорҳои ноҳияву вилояту ҷумҳурӣ бароварда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Таҷрибае, ки фоидаи хуб меорад
Азизмо Маҳмадиева соли гузашта бо “Лоиҳаи USAID оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии Агробизнес дар Тоҷикистон” ҳамкорӣ карда, таҷрибаи хушк кардани меваи хурморо меомӯзад. Ӯ мегӯяд то ин вақт ҳосили меваи хурморо бо нархи ночиз ба фурӯш мебаровард. Чун таҷрибаи хушк кардани ин меваи хуштамъро омӯхт, соли 2020 як тонна хурморо хушк карда, ҳар як килограмми онро бо арзиши 30-35 сомонӣ фурӯхт ва аз ин ҳисоб фоидаи хубе ба даст овард.
-Ман ягон вақт тасаввур намекардам, ки меваи хурморо ҳам хушк карда мешудааст ва дар натиҷаи хушк кардан, онро бо нархи хеле баланд фурӯхтан мумкин бошад. Аз набудани харидор ва на онқадар арзиши баланд доштани ин мева ҳар сол мо ҳосили хурморо ба хешу ақрабо тақдим мекардем ва қисме аз он талаф меёфт,-мегӯяд апаи Азизмо.

Ба гуфтаи ӯ нархи як килограмм меваи хурмо дар бозорҳо хеле ночиз аз 2 то 4 сомонӣ арзиш дорад. Боғдорон дар бисёр маврид намедонистанд ҳосили ба даст овардаро чӣ кор кунанд. Аксарият дарахтони ин меваро канда, ба ҷойи он дарахтони серҳосили серхаридор мешинониданд. Апаи Азизмо низ чанд даъфа азм кардааст, ки дарахтони хурморо бурида, ба ҷойи онҳо дигар намуди дарахт шинонад. Чун таҷрибаи хушк кардани ин меваро омӯхтааст, аз фикраш гаштааст ва талош дорад имсол аз ҳисоби ҳосили меваи хурмо чун соли гузашта фоидаи хубе ба даст орад.
-Соли гузашта дар муддати 12 рӯз 30 нафар занҳои хонашинро ҷамъ карда, бо онҳо як тонна хурморо хушк кардам. Ҳам онҳо соҳиби музде шуданду ҳам оилаи мо низ аз ин ҳисоб фоидаи хубе ба даст овард. Хушк кардани хурмо заҳмати зиёдеро талаб намекунад. Танҳо лозим аст онро пӯст карда, аз чӯбчааш бо ресмоне баста овезон кардан даркор. Дар муддати 10 рӯз он хушк мешавад. Баъди хушк кардан онро дар ҷойи аз офтоб паноҳу салқин бояд нигоҳ дошт. Маҳсулоти хушкшударо ба қуттиҳои картонӣ ё пластикӣ мегузорию кадом вақте ки хоҳӣ метавонӣ бифурӯшӣ,-нақл кард апаи Азизмо.
Ин зани соҳибтаҷриба чун соли гузашта аз як тонна маҳсулоти хушккардаи хурмо 30 ҳазор сомонӣ фоида ба даст овард, азм дорад соли ҷорӣ низ ҳосили ба дастовардаи ин меваи фоидабахшро хушк карда, бо банду баст кардани зебо онро ба хориҷи мамлакат содирот кунад.
“Пир нест тадбир нест”
Азизмо Маҳмадиева дар оилаи деҳқон таваллуд шудаву ба воя расидааст ва нозукиҳои ин соҳаро аз падари бузургворашон омӯхтааст. Чун дар ин соҳаи заҳматталаб ба қавле аз падар дасти пир гирифтааст, имрӯз талош дорад таҷрибаҳои андӯхтаашро ба фарзандон омӯзонад, то онҳо дар оянда давомдиҳандаи кору пайкори гузаштагони пурифтихори хеш бошанд.
Бузургворе дар ин маврид барҳақ фармудааст:
Пирони куҳан аз таҷриба гӯянд сухан,
Некӣ бикунанд, таҷриба бо худ набаранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ, Абдураҳмони Ҷомӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 13:48БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК



