Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Оқибати дилсӯзӣ
( ҳаҷвия)

Азбаски ронандаи кирокашам, дар истгоҳ мунтазири мизоҷон раҳпоӣ мекардам. Ногоҳ ба сабукравам марде наздик шуд. Чашмонаш фурўрафта, авзояш парешон, ришу мўйлабаш расида. Баъди салому алейк кардан лаб ба сухан боз кард.
- Бародар, хонаи ман дар деҳаи наздиктарини сарироҳӣ аст. Ман дар ду зарф равған дорам. Маро то ҳавлиам мебарӣ? Чанд пуле, ки гўйӣ медиҳам.
Ман аз сабукрав баромада, зуд ду чобача равғани ўро, ки дар зарфҳои пластмасии зарди панҷлитра ҷой карда буд, ба қисмати бормонаки мошин гузоштам. Сипас, он мард дар паҳлуям нишаст. Ман моторро ба ҳаракат даровардам. Акнун сесад- чорсад метр роҳро тай карда будем, ки дар назди мағозаи дуошёнаи хўрокворӣ марди дар паҳлуям будаи мусофир хоҳиш кард, ки сабукравро манъ кунам.
- Узр, ман ба мағоза як сари қадам даромада меоям, - гуфт вай. Мард ба мағоза шитофту баъди панҷ дақиқа баргашта аз ман хоҳиш намуд:
- Бародари қиёматӣ, дар хона орд тамом шуда буд. Як халта орд харидан лозим. Пулҳоямро ҳисоб кунам, ҳамагӣ нуздаҳ сомонӣ боқӣ мондааст. Агар равған намехаридам, пул ба орд ҳам мерасиду боз бақияаш дар кисаам мемонд. Акнун, бародари қиёматӣ, тамоми умедам ба ту. Шаш нафар нонхўр роҳи маро интизор. Ба ман як саду панҷоҳ сомонӣ қарз медиҳӣ. Мағоза ёрдамчӣ ҳам доштааст. Маблағро пардохт мекунаму шогирди фурўшанда халтаи ордро оварда, ба бормонаки сабукрават бор мекунад. Насиб бошад, ба манзилам рафта расидем, маблағи додаатро дучанд бармегардонам. Шукр, дар хона пул ҳаст,- гуфт мусоҳибам маро дилпур кунонда.
Одамизод шири хомхўрда гуфтани мардум бесабаб набудааст. Ман ҳам рости гап, ба ин мард ва рангу рўйи паридаи ў назар афканда дилам ба ҳолаш сўхт. «Гўр ҳамин раҳмхўрии ман шавад», чи тавре ки пиразанҳои солхўрда ин ибораро дар вақти нокомӣ истифода мебаранд. Даст ба ҳамиён бурда, «нархи пиёзу сабзиро напурсида», ба ин марди тамоман ношинос ва барои ман бегона се панҷоҳсомонии наппа нави ҳанўз қабурғааш нашикастаро бо ду дасти адаб ҳисоб карда бароварда додам. Мард сўйи мағоза, ки аз мо 10-15 метр дурӣ дошт, шитофт. Ман дақиқаҳо интизорӣ мекашидам. Аллакай намози шом ҳам гузашт, атроф торик мешуд. Аммо аз марди «ордхар» дараке набуд.
Ниҳоят, тоқатам тоқ шуда ба назди фурўшандаҳои мағоза рафтам. Он мардро бо тамоми тарҳи рўй ва сарулибосаш ба онҳо фаҳмондам ва ба ордхарӣ омадан ё наомаданашро пурсон шудам. Вақте ки аз фурўшандаҳо ҷавоби радро гирифтам, сир бой надода, паси чамбарак нишастам. Дар дил мегуфтам «хайр, ин марди корчалони фиребгар маро боб карда бошад ҳам, ҳоло равғанаш дар ихтиёри ман аст ку».
Ба хона наздик шуда, сабукравро қарор додам. Назди чароғҳои мошин зарфҳои равғани «мизоҷи корчалон»- ро аз назар гузарондам. Зарфҳо бо об пур шуда буданд.
Аз ин ҳол умедам ба якборагӣ барбод рафт. Боз хайрият ин воқеаро ба янгаатон нагуфта чун «сирри ҳарбӣ» дар дил ниҳон доштам. Вагарна «ба ҷойи сўхта намакоб пошидагӣ» барин бо ибораҳои «гўлу гаранг», «нодон», «бефаҳмӣ», «ноуҳдабароӣ», «зудбоварӣ» барин унвонҳо ноил гардида, дар сарам чормағзи кўрак мешикаст…
Ҳотам ҲОҶӢ, н. Кўшониён
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?


