Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Кӣ бояд интихоб кунад?
Ишқварзии Умед ва Нилуфарро аҳли маҳалла хуб медонистанд. Зеро онҳо ба ҳадде унс гирифта буданд, ки дӯстдории якдигарро аз касе пинҳон намедоштанд. Аммо замони оиладоршавӣ ин ҷавонон ба ҳам нарасиданд. Чунки модарони онҳо нахостанд, ки фарзандонашон якҷо бошанд. Ҳарчанд дилдодагон барои ба висол расидан кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд, вале ба Умед арўсу ба Нилуфар шавҳарро волидайнашон интихоб карданд.
Нахуст, Нилуфарро ба шавҳар доданд. Ба Умед бошад, модараш додарзодаи худро келин кард. Бо гузашти вақт Нилуфар писардор шуду каме дертар ҳамсари Умед духтар таваллуд кард. Пас аз ин Умед бо ҳар баҳона бо ҳамсараш ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб мекард. Нилуфар, ки дар ҳамсоямаҳалла келин шуда буд, зуд-зуд ба хонаи волидайнаш меомад. Умед ӯро дида, аз нав чун оташ аланга мегирифт ва рӯирост модарашро ба ин кор айбдор медонист. Вақте гап ба гўши ҳамсари Нилуфар расид, ӯ низ ба ғазаб омада, бо занаш муносибати сард менамояд ва муддате вайро барои аёдати зодмандон рухсат намедиҳад. -Аз рӯзе, ки ба хонаи аммаам келин шуда омадаам, ҳамеша зери дашному шиканҷаи шавҳарам қарор доштам, - мегӯяд завҷаи Умед хонум Рафоат ва нақл мекунад, ки Умед ниҳоят бадфеъл буд. Арақнӯшӣ мекард. Вай дар ҳолати мастӣ якбора худашро “гум” карда, ҳама чизу чораи хонаро мешикаст. Болои ин моро мезад. Аз мушту лағати вай на ман дар амон будаму на модараш. Барои ӯ фарқе надошт. Ҳазорҳо сомонӣ пуле, ки манзили зисти одамонро таъмир карда ба даст меовард, ба тарабхонаву “дискотека” рафта, бо ҷӯраҳояш харҷ мекард. Шабу нимшаб масту аласт ба хона меомад ва дили моро ларза мегирифту даррав роҳи гурезро меҷӯстем. Даҳҳо маротиба яку-дуи шаб аз Умед пинҳон шуда, хонаи падарам, ки 20 киллометр дур аст, пиёда рафтаам. Борҳо моро аз хона пеш карда, ба хона духтарони бегонаро овардааст. 15 сол ҳамин тавр “зиндагӣ” кардам. Ҳарчанд косаи сабрам лабрез шуд, аммо ба хотири фарзандонамон хеле зиёд сабр кардам. Баъд аз интизориии тӯлонӣ шукри Худо, ки се сол боз муносибати Умед бо ману аъзои оилаамон тағйир ёфтааст. Бовар нокарданист, аммо ӯ намозхон шуда, ислоҳ гардида истодааст, - бо ёдоварӣ аз рӯзҳои талхи худ нақл мекунад Рафоат.
Коршиносон ба он андешаанд, ки чунин ҳолатҳоро на ҳамаи ҷавонон таҳаммул карда метавонанд, аксари онҳо ба кӯчактарин мушкилоти оиладорӣ тоб наоварда, зуд тасмими бекор кардани ақди никоҳро мегиранд.
Ба гуфтаи Сабоҳат Мирализода, мутахассиси шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Бохтар ҳарчанд пеш аз бастани ақди никоҳ онҳо розигии ҷавононро борҳо пурсон мешавад, аммо ҳоло ҳам бархе аз волидайн кӯшиши иҷборан оиладор кардани фарзандонашонро мекунанд. Ӯ дар идома аз ҳолатҳое низ нақл кард, ки бо омилҳои гуногун ҷавонон баъд аз пешниҳоди ариза оид ба бекор кардани ақди никоҳ баъзан ба ҳам омада, зиндагии якҷояро ихтиёр мекунанд.
-Соле пеш як оилаи ҷавон назди мо омада, аз ҳамдигар шикоят кардаанд. Ҳарчанд зан ҳомиладор буд, аммо ҳарду ҷониб хостори ба зудӣ ҷудошавӣ доштанд. Мо ба ҷавонон фаҳмонидем, ки дар ҳолати ҳомиладорӣ на шуъбаи САҲШ ва на суд аризаи даъвогии шуморо қабул карда наметавонад. Вақте фарзанд ба дунё меояд, сипас шумо метавонед ба мақомоти суд муроҷиат кунед. Ҳамин тавр онҳо рафтанд ва бо гузашти бештар аз як сол ҳамон ҷавонписар боз ба мо муроҷиат кард. Аммо ин дафъа барои аз ҳампошии оилааш не, балки барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди фарзанд. Ӯ ба мо гуфт, ки баъд аз фарзанддор шудан зану шавҳар ба ҳам омада, аз кирдори қаблиашон пушаймонанд ва мехоҳанд зиндагии хушу осуда дошта бошанд, - нақл кард корманди шуъбаи САҲШ-и ш.Бохтар.
Равоншинос Сафармоҳ Мирзоназарова мегӯяд, ки дар ҷомеаи суннатии мо эҳтироми волидайн бахусус барои писарон модар ва барои духтарон падар басо калон аст. Аз ин лиҳоз аксари ҷавонон бар зидди хоҳишҳои падару модари худ намебароянд. Ҳарчанд онҳоро барои оиладоршавӣ бо шахси дигар розӣ кунонанд ҳам, бо сар задани нофаҳмӣ байни ҷавонон онҳо интихоби ботинии худро ошкор сохта, волидайнро сабаби бадбахтии худ медонанд. Аммо дар ин баробар ҷавононе низ ҳастанд, ки бо интихоби волидайн ба ҳам расидаанд ва имрӯз зиндагии намунавӣ доранд. С. Мирзоназарова дар таҷрибаи кор бо ҷуфтҳое низ вохӯрдааст, ки бо интихоби худ оила барпо карда, то дер ба ҳам назистаанд.
-Ҷавонон дар интихоби ҳамсари ояндаи худ бояд озод бошанд. Бояд мо эҳсосҳои ботинии онҳоро дарк кунем, дилбастагии духтару писарро дуруст фаҳмем ва ба оиладоршавии онҳо монеъ нагардем, - илова намуд равоншинос.
Зарина Турахонова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар зикр намуд, ки онҳо ҷиҳати пешгирӣ аз бекоркунии ақди никоҳи шаҳрвандон, зӯроварӣ дар оила ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон талош мекунанд.
- Аз рӯи усули “хона ба хона” дар панҷ моҳи соли равон бо аъзои 883 оилаи осебпазир оид ба пешгирии амалҳои номатлуб суҳбати фардӣ гузаронида шуда, 42 ҳолати зӯроварӣ ва аз ҳампошии оилаҳо пешгирӣ карда шудааст, - иттилоъ дод З. Турахонова.
Аз масоили баррасигардида ва афкори коршиносон бармеояд, ки дахолати волидайн ё шахсони дигар ба интихоби ҷуфти ҷавонон боиси низоъҳои гуногун дар оила гардида, паёмадҳои нохушеро метавонад ба бор орад. Баръакси ин ҳол бошад, ба ҷавонон имконият медиҳад, ки ҳамсафари зиндагии худро мувофиқ ба таъбу завқашон дарёфта, дар якҷоягӣ оилаи солим бунёд намоянд.
МУҲАББАТ
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД