Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАКСИНА - ПЕШГИРИКУНАНДАИ КОРОНАВИРУС
Бемории сироятии коронавируси нав бо хатари марговараш рӯз то рӯз дар ҷаҳон доман паҳн намуда, имрўз мушкилоти рақами 1-и аҳли башар гардидааст. Дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзии муҳаққиқону олимони соҳаи тиб хушбахтона ба оламиён муяссар гардид, ки маводи дорувории зидди ин бемории аср истеҳсол гардад, то одамон бо истифода аз ваксинаҳо саломатии худро ҳифз намоянд.
Бо ҳамин мақсад дар вилояти Хатлон ҳам тадбирҳои безараргардонию иммунизатсионии зидди бемории сироятии COVID-19 бовусъат идома дорад. Доир ба ваксина ва хусусиятҳои он ходими маҷаллаи “Сафо” бо Умед Қурбонов, директори филиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар минтақаи Бохтар ва Анвар Буриев, табиби бемориҳои сироятии Маркази саломатии шаҳри Бохтар мусоҳибае орост, ки муҳтавои онро манзури шумо - хонандагони азиз мегардонем.


- Вақтҳои охир миёни ҷомеа калимаи “ваксина” зиёд садо медиҳад, барои ҳамин ҳам қаблан мехостем, ки мафҳуми илмии онро шарҳ медодед?
- Барои маънои ваксинаро фаҳмидан аввал муҳим он аст, ки мо мафҳуми масуният (иммунитет)-ро шарҳ диҳем. Зеро ваксина низ мустаҳкамкунандаи масуният дар организм мебошад.
Табиатан масуният дар организми ҳама мавҷуд аст. Он маҷмўи аксуламалҳоест, ки ҳангоми ворид шудани микроорганизмҳои бегонаи зараровар ба бадан мубориза бурда, организмро аз касалиҳои гуногун ҳимоя менамояд.
Ваксина бошад, маводи биологиест, ки бар зидди бемориҳои сироятӣ истеҳсол карда мешавад. Аслан ин мафҳуми нав нест, балки то пайдоиши коронавирус ҳам дар шаклҳои гуногун мавҷуд буд. Даҳсолаҳост, ки вояҳои ваксинаро баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар тамоми дунё васеъ истифода мебаранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ваксинаҳои гуногун (эмгузаронӣ) ба навзодон ва кӯдакони гурўҳҳои мақсаднок тибқи тақвими миллии иммунизатсия, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ гардидааст, бар зидди 11 намуди беморӣ, аз ҷумла сил, фалаҷ, зардпарвини “Б” ва ғайра гузаронида мешавад. Бар замми ин ҳамасола рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ ташкил мегардад, то кӯдакон аз бемориҳо пешгирӣ карда шаванд. Ваксинаи коронавируси нав ҳам мисли ҳамон ваксинаҳоест, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 гузаронида мешавад.
-Чаро ваксинагузаронӣ ҳатмӣ аст?
-Чунки он ҳоло муҳофизаткунандаи асосии организм аз бемории сироятии коронавируси нав дар тамоми олам ба шумор меравад. Тибқи тавсия ва дастурамали Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳамаи ваксинаҳои истеҳсолгардида бар зидди бемории сироятии COVID-19 нигаронидашуда, организмро ба воридшавии вируси эҳтимолӣ тайёр мекунад ва дар ҳолати сироят ёфтан он бо барангезандаи COVID-19 дар организм мубориза бурда, инсонро аз ин беморӣ ҳифз менамояд.
Қаблан ҳам намудҳои гуногуни зукомҳои сироятӣ монанд ба коронавирус ба назар мерасиданд, аммо аксари онҳо идорашаванда буданд. COVID-19 бошад, бемории зудпаҳншаванда ва хеле хатарноктар аз он маризиҳост. Барои ҳамин ҳам иштироки ҳар фарди соҳибандеша дар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус ҳатмӣ мебошад.
- То ба имрӯз киҳо ба иммунизатсияи зидди сироятии COVID-19 фаро гирифта шуданд ва он чанд марҳиларо дар бар мегирад?
-Тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иммунизатсияи зидди сироятии COVID-19 пеш аз ҳама дар байни кормандони соҳаи тандурустии ҳудуди марказҳои шаҳру ноҳияҳо, фурўдгоҳҳои байналмилалии вилоят, дар байни аҳолии аз 60 сола болои шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб гузаронида шуда, ҳоло ин раванд миёни сокинони аз 18 сола боло низ бо истифода аз ваксинаи “AstraZeneca” идома дорад. Дар ин давра 36 ҳазору 220 вояи ваксинаи мазкурро истифода бурдем. Хушбахтона, ягон оризаҳои вазнин баъди иммунизатсия дар байни ваксинагирифтагон дида нашуд. Ҳоло ниёз ба ваксинаҳо мавҷуд аст ва мо боварӣ дорем, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бастаҳои ваксинаи зидди бемории COVID-19 дастрас мегардад ва аҳолӣ марҳила ба марҳила ҳарчи бештар ба иммунизатсия фаро гирифта мешавад. То нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 36 ҳазору 220 нафар вояи ваксина гузаронида шудааст.
Тибқи дастурамали истеҳсолкунандаи ваксина ба ҳар як нафар ду маротиба гирифтани ваксина тавсия дода мешавад. Баъд аз 70 рӯзи гузаронидани вояи якум ваксинаи дуюм ба организм ворид карда мешавад. Шахсоне, ки вояи якуми ваксинаро қабул кардаанд, аллакай дар организми онҳо бар зидди бемории сироятии коронавирус антитела пайдо гардидааст. Гарчанде гунаи вирус гуногун ҳам бошанд, лекин чунин орзанизм метавонад, ки масунияташро мустаҳкам намуда, бо вирус шинос бошанд ва бо он муборизаи беамон барад.
-“АстраЗенека” чӣ чуна ваксина аст?
-Ваксинаи ширкати Британиягии Оксфорд “AstraZeneca”, ки тибқи иҷозатномаи он дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” (Serum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба рӯйхати маводи иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулода истифодабарандаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. То ҳол аз он дар баробари Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 60 давлати ҷаҳон истифода мебарад. Самаранокии ваксинаи номбурдаро СУТ эътироф намуда, истифодаи онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавсия додааст. Ҳар як ваксинае, ки дорои сертификат мегардад, новобаста аз ном ва кишвари истеҳсолкунандааш санҷидашуда ҳамаи онҳо барои пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 муфид мебошанд.
Дар ин миён баъзан овозае низ вуҷуд дорад, ки гӯё ин ё он ваксина манфиатбахш асту дигараш зараровар ин суханҳо ягон асоси илмӣ ва воқеӣ надорад.
-Таъсирӣ ваксина дар организм бо кадом аломатҳо аён мегардад?
-Ваксина як ҷисми бегона аст. Вақте ки ба бадан ворид мешавад, табиӣ аст, ки организм ба он ҷавоб мегардонад, яъне мубориза мебарад. Ҳаштод дарсади одамон ин ҳолатро қариб, ки ҳис намекунанд. Шумораи ками ваксинагирифтагон муваққатан дилбеҳузур мешаванд, беҳолу бемадор мегарданд ва ё ҳарорати баданашон баланд мешавад. Бояд аз ин наҳаросид. Танҳо дар ҳолати таби баланд ва дуру дароз онҳо бояд ҳатман ба табиб муроҷиат кунанд.
-Баъд аз ваксинагузаронӣ риояи кадом қоидаҳо талаб карда мешавад?
-Нафаре, ки ваксина гирифтааст бояд давоми 3 рӯз кӯшиш намояд, ки худро хушк нигоҳ дорад. Яъне ба ҷойи сӯзандоруи ваксина об нарасонад. Ҳамчунин муввақатан нӯшидани оби хунук ва нишастан дар зери кондитсионер тавсия дода намешавад.
-Эҳтимоли сироятёбии онҳое, ки бемории коронавирусро аз сар гузаронидаанд, вуҷуд дорад?
-Чунин афрод аллакай дар худ антитела пайдо кардаанд. Аммо тибқи тавсияи СУТ баъд аз 6 моҳи табобат онҳо низ метавонанд, ки ваксина гиранд. Зеро антителаи одами сироятёфта то 6 моҳ аз ҳама беш то 1 сол мавҷуд буда метавонад, баъд аз он эҳтимоли сироятёбӣ мавҷуд аст.
- Киҳо бояд ваксина нагиранд?
- Беморони гирифторони сирояти шадиди роҳи нафас ё табларза, модарони ширмакон, гирифторони бемориҳои музмин ё одамоне, ки ҳарорати баданашон ниҳоят баланд аст, бояд ваксина нагиранд. Барои нафарони то 18-сола, ашхосе, ки аллергия доранд ваксиназанӣ маслиҳат дода намешавад. Шахсони гирифтори сироятҳои шадиди респираторӣ аллакай масунияти суст дошта, онҳо низ ваксинаро таҳаммул карда наметавонанд ва дараҷаи самаранокии ваксина низ дар бадани чунин афрод пасттар хоҳад буд.
Вирус асосан тавассути қатраҳо, ки аз роҳҳои нафаси одам вақти сулфидан ё атса задан ҷудо мешавад, паҳн мегардад. Хавфи сироятёбӣ аз одаме, ки ягон аломат надорад, ниҳоят паст аст. Аз тарафи дигар, дар бисёр одамон аломатҳои COVID-19 хеле суст ифода меёбанд. Ин ҳолат хусусан хоси марҳилаҳои барвақтии беморӣ аст. Ба ин тариқ, хавфи гузариши COVID-19 аз касе, ки худро бемор ҳис намекунад ва танҳо месулфад, вуҷуд дорад.
Барои ҳамин нисбат ба саломатии худ ва дигарон бетафовут набошем. Аз рӯи тадқиқотҳои илмӣ ва ҳисоботҳои оморӣ бештар ин беморӣ ба синни аз 18 сола боло дар шакли вазнини миёна ба қайд гирифта шудаанд. Аз 18 сола поён ҳам барангезандаи беморӣ буда метавонанд. Ҳарчанд аломатҳои беморӣ дар онҳо пайдо намегардад ва бенишона гузарад ҳам, он метавонад ба атрофиён махсусан калонсолон хатаровар бошанд. Барои ҳамин риояи қатъии қоидаҳои санитарию гигиенӣ, шустани дастон бо истифода аз маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи фосилаи байниҳамдигарӣ ва истифодаи ниқоб барои хурду калон ҳатмӣ мебошад.
Амонҷон МАҲКАМОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад