Зиндагӣ дар хонаҳои нав

   Аз лаҳзаҳои нахустини рух додани офати табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бар асари фурӯравии заминҳо 20 манзили истиқоматӣ ва даҳҳо гектар заминҳои кишоварзӣ хароб гардид, масоили таъмини шароитҳои зист, маҳсулоти ғизоӣ ва дигар лавозимоту ҷиҳози рӯзгор барои зарардидагон мавриди таваҷҷуҳ ва таҳти назорати бевоситаи Роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. 
   Баъди интихоби мавзеъ барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ нахустин корвони кумакҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ расид. Бинобар маълумотҳои ситоди ноҳиявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ барои оғози корҳои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ин кумакҳои иборат аз 300 тонна семент, 300 метри кубӣ тахта, 3000 дона бомпӯш ва 60 тонна арматур барои сохтмони таҳкурсӣ ва болопӯшҳои устувори 20 хонаҳои истиқоматӣ нигаронида шуда буд. 
   Ҳамин тавр бо расидани масолеҳи асосӣ сохтмони манзилҳои истиқоматӣ оғоз гардид. Дар бунёди деҳаи нав барои зарардидагони офати табиӣ аҳли ҷамоатчигӣ масъулону кормандони идораву ташкилотҳои ноҳиявӣ камари ҳиммат бастаанд. Ин буд, ки дар муддати як моҳи минбаъд, дар маҳаллаи навбунёд иморатҳои замонавӣ пайи ҳам қомат афрохтанд ва зимни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шиносоӣ бо шароити зисти сокинони зарардида дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 5 манзили истиқоматии муҷаҳҳаз ба тамоми шароитҳои рӯзгор ба истифода дода шуд. 
   Баъди боздиду шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои нав ва суҳбатҳои самимии Сарвари давлат бо сокинон, ташаббусҳои дастаҷамъона ҷиҳати бунёди саривақтии хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ вусъати тоза пайдо кард, - мегӯяд муовини аввали раиси  ноҳия Абдухолиқ Мусозода.  – Иттифоқу сарҷамъӣ, меҳру муҳаббату самимияти мардум ва эҳсоси ғамхориву масъулияти инсонии ҳар фарди худогоҳ нисбат ба зарардидагони офати табиӣ буд, ки бо роҳнамоии роҳбарияти ноҳия фаъолону кормандони соҳаҳои гуногун ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар сохтмони манзилҳои истиқоматӣ саҳми худро гузошта истодаанд. Зимни боздид ва шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматӣ Пешвои муаззами миллат бо сокинони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом дода, мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва садоқату ғамхорӣ нисбат ба эҳтиёҷмандон ва дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ дастгирии ҳамдигар даъват намуданд. 
   Сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ барои таваҷҷуҳу ғамхории падаронаи Сарвари давлат миннатдории бепоёни худро иброз намуда, ваъда доданд, ки дар оянда бо меҳнати ҳалолу садоқат ба халқу меҳани хеш ин мавзеи навбунёдро ба яке аз гӯшаҳои ободу сарсабз табдил медиҳанд.

   Бахтиёр Холов аз зумраи сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аст, ки ҳоло бо дастгирию кумакҳои ҳамаҷонибаи давлат соҳиби манзили нави истиқоматӣ мегардад. Айни замон бо ибтикори ҳашарчиён корҳои сохтмонӣ дар манзили навбунёди онҳо пурра ба анҷом расида, меъморон дохили ҳуҷраҳоро рангу бор намуда, асбобу ашёи лозимии хонаро ҷобаҷо карда истодаанд. 
   - Мо сокинони аз офати табиӣ зарардида як умр шукргузорем, ки Худованд чунин Сарвари дилсӯзу ғамхори халқро бароямон ато намудааст, ки дар чунин рӯзҳои сахти зиндагӣ бо кумаку дастгириҳои инсондӯстонаи худ моро аз вартаи яъсу навмедӣ наҷот бахшид,- мегӯяд Бахтиёр Холов. - Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали баъди он ҳодисаи нохуш бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат моро ба ҷойи бехавф кӯчонида, то имрӯз чӣ аз лиҳози шароитҳои зист ва ғизову дигар ниёзҳои иҷтимоӣ ягон мушкилу камбудиеро эҳсос накардаем. 
   - Ҳар рӯзи ҳаёти инсон ва рӯйдоду ҳодисаҳои аз сари мо гузаштаистода ҳикматҳои худро доранд, ки барои нафари худогоҳ дарси муњими зиндагӣ шуда метавонад. Муносибати ғамхоронаву кумаку дастгириҳои Роҳбарияти олии мамлакат ба ҳар яки мо, зарардидагони офати табиӣ, эҳсоси хушбинӣ ва умеду бовариро ба ояндаи нек бахшид, зеро дар лаҳзаҳои сахти зиндагӣ таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллатро эҳсос намудем. 
   Ҳамчунин, дар шабу рӯзҳои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия пиру барно ба кумаки мо омада, тариқи ҳашари дастаҷамъӣ манзилҳои навро бунёд намуданд. Дар ин маъракаи хайрхоҳона раиси ноҳия Сафармаҳмад  Раҳимзодаро низ мушоҳида кардем, ки дасту остин барзада, дар бунёди хонаи №7 –и ин маҳаллаи навобод  заҳмат мекашид,- қисса мекунад сокини ноҳия Қурбоналӣ Ҳалимов, ки дар ин сафар моро раҳнамоӣ дошт. - Итминони комил дорам, ки  сокинони ояндаи ин деҳаи навбунёд аз ин таваҷҷуҳу дастгириҳои инсондӯстона ибрат гирифта, минбаъд баҳри саҳмгузорӣ дар рушду ободонии маҳалли зисти худ саъю талоши бештар хоҳанд дошт. Фарзандонро дар рўҳияи ватанпарастиву арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ тарбия менамоянд, то дар оянда хизматгузори содиқи халқу ватани хеш бошанд, - мегӯяд Қурбоналӣ.
   Дар ин шабу рӯз дар ҳама раставу манзилҳои қоматафрохтаи деҳаи навбунёд корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад. Мардум бо рўҳияи хастанопазир ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба истифода супурдани хонаҳои истиқоматӣ ба зарардидагон саъю кӯшиш доранд. Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар баробари сохтмони манзилҳои истиқоматӣ инчунин хати барқу оби ошомиданӣ, роҳҳои мошингарду роҳравҳо ва бунёди бунгоҳи тиббиву дигар иншооти муҳим сохта ба истифода дода мешавад. 
Юсуфи СОБИР

Добавить комментарий