Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЭНСИКЛОПЕДИЯИ ДОНИШГОҲ БА ТАБЪ МЕРАСАД
Аз нишастҳои матбуотӣ
Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба табъ хоҳад расид.
Дар ин бора ректори донишгоҳи болозикр Давлатзода Cайфиддин зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки китоби мазкур аз оғози фаъолияти донишгоҳ то инҷонибро дар бар мегирад.
Айни замон дар донишгоҳ бештар аз 20 ҳазор донишҷӯ аз 68 шаҳру ноҳияи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз рӯи 70 ихтисос мутахассис омода карда мешавад.
Масъалаи дастгирии ятимони кулл ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи маъмурияти донишгоҳ мебошад. Дар донишгоҳ 50 нафар ятимони кулл дар гурўҳҳои ройгон таҳсил мекунанд ва онҳо гирандаи стипендияи академӣ мебошанд. Ҳамчунин барои онҳо имтиёзҳои гуногун аз қабили хобгоҳи ройгон, ҷалби онҳо ба марказҳои омӯзишӣ ва варзишӣ муайян гардидааст.
Дар донишгоҳ 234 нафар донишҷӯ аз давлатҳои хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин шумора 145 нафар аз Ӯзбекистон, 2 нафар аз Афғонистон ва 76 нафар аз Туркманистон мебошанд. Инчунин дар донишгоҳ 448 донишҷӯ (278 духтар ва 170 писар) тибқи Квотаи президентӣ таҳсил доранд.
Ҳайати кормандону омӯзгорони донишгоҳ беш аз 1000 нафарро дар бар гирифта, 20 нафари онҳо доктори илму профессор ва бештар аз 150 нафари дигар номзадҳои илм ва дотсент мебошанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 14 омӯзгори дигар рисолаҳои номзадии хешро дар шӯроҳои диссертатсионии бонуфузи кишвар сарбаландона дифоъ карданд.
Аз рӯйи радабандии Агентии назорати давлатӣ дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДДБ ба номи Носири Хусрав ба даҳгонаи аввал миёни мактабҳои олии мамлакат шомил аст.
Соли таҳсили оянда дар донишгоҳ дар баробари омӯзиши забонҳои русиву англисӣ омӯзиши забони хитоӣ ба роҳ монда мешавад.
-Маъмурияти донишгоҳ бо 13 донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкориро ба имзо расонидааст, - гуфт Давлатзода Сайфиддин.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР» 13:25БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР 12:27Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 12:23ЁВОН. НАСБИ ГУЗАРГОҲИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР КӮДАКИСТОН 12:18Кӯлоб. Ба дӯконҳои нонпазии шаҳр ангишти ройгон тақдим карда шуд 15:03
Серхонандаҳо
2 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД.
БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР
Хатлон. Маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз шуд
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
Кӯлоб. Ба дӯконҳои нонпазии шаҳр ангишти ройгон тақдим карда шуд
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
То, эй ғазал, ба гуфтанат оғоз кардаам
ХУШХАБАР. ЧИЛ (КАБКИ ЗИРАК) ПАРАНДАИ СОЛИ 2026 ЭЪЛОН ШУД
ТАҚДИМИ ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛЛАТ -"ШОҲНОМА"-И ҲАКИМ ФИРДАВСӢ БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
ЧАҲОР ШОҲҶОИЗА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"



