Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БУНЁДИ 85 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ
Бо харҷи 3 миллиону 250 ҳазор сомонӣ дар назди 12 муассисаҳои таълимии ноҳияи Панҷ 35 синфхонаҳои иловагӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.
Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи болозикр Шарофиддин Асомиддинзода зикр кард, ин иқдом бо дастгирии падару модарон амалӣ гардида, то ҷойе мушкилоти норасоии ҷойи нишастро дар мактабҳои ноҳия бартараф кард.
Зикр карда шуд, ки боз дар назди 10 муассисаи таълимӣ бунёди 50 синфхонаи иловагии дигар бомаром идома дошта, қисмати зиёди онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Дар баробари саҳми соҳибкорон ва падару модарон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар муассисаи таълимии №36 сохтмони панҷ синфхонаи иловагӣ муташаккилона идома дорад.

Соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия сохтмони мактабҳои рақамҳои 9, 41, ва 45 ба нақша гирифта шудааст, ки лоиҳаҳои онҳо омода ва ҷойи сохтмон аллакай муайян гардидааст.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар баробари бунёди синфхонаҳои иловагӣ толорҳои варзишии мактабҳои рақамҳои 36 ва 27 сохта шуда, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



