Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар
Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ваҳдати миллӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷомеаи мо бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо ҳифзу устувории онро масъулияти муқаддаси хеш мешуморанд. Зеро Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои мо осон ба даст наомадааст...
Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ дар радифи дигар ҷумҳуриҳои бародари пасошўравӣ Тоҷикистон низ санаи 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти комил ба даст овард. Вале бадхоҳони миллат кишвари моро ба вартаи ҷанг кашиданд. Миллате, ки дар масири таърих ба сари халқу кишваре силоҳ набардошта буд, ғарқи гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ҷанги хонумонсӯз аланга гирифту мардуми одӣ ба дигар кишварҳо паноҳ бурданд. Танҳо дар Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон вакилон ҷавонмарди ҷасуру хирадманд Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат аз минбари иҷлосия бо қатъият ва ҷасурона иброз намуд, ки; “Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин гурезаро ба ватан барнагардонам, худро ором ҳис карда наметавонам”.
Баъди анҷоми Иҷлосияи ХVI-уми таърихии Шӯрои Олӣ аз ҷониби Сарвари тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷустуҷӯи роҳҳои музокирот ба мухолифини давр оғоз гардид.
Ҳиммат Шамолов зодаи ноҳияи Қубодиён баъди шунидани Паёми сулҳ ва даъвати муҳоҷирон ба Ватан, ба зодгоҳи худ баргашт. Аз ғояти хурсандии бозгашт ба Ватан харобиҳои хонаву ҳавлӣ ба чашмаш намерасид. Зеро шоир беҳуда нагуфта будааст, ки;
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
- Он лаҳзаҳо ҳамеша пеши назарам меоянд, ки чӣ гуна лаҳзаи фирор ба Афғонистон гурӯҳҳои силоҳбадаст моро тирборон мекарданд, - ашк аз дида рехта қисса мекард Ҳиммат Шамолов. - Ҳангоми убур кардани дарёи Панҷ бародари бузургам Аҳмадҷон аз тири дайду ба ҳалокат расид. Мо шабона дубора аз он сӯи сарҳад ба Тоҷикистон баргашта, бародарамро дар марзи Ватани азизамон ба хок супоридем. Баъдан, бо азобу машаққати зиёде то шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон рафта, дар хаймаҳои барои гурезаҳо омоданамудаи Созмони Миллали Муттаҳид қарор гирифтем. Давоми се соли ҳиҷрат дар коргоҳҳои хурди истеҳсолии лагери гурезаҳо кор кардам. Дар он ҷо як духтарчаамро, ки дар саҳни лагер мошин зер карда буд, дар қабристони “Ғарибон” гӯронидаам.
Тӯли он ҳама солҳо мо танҳо ба ёди Ватан ва хотираҳои аз Ватан доштаамон умр ба сар мебурдем. Дар он лаҳзаҳои ҳиҷрон барномаи радиоии “Хоки Ватан” ҳамдаму тасаллобахши мо ғарибон буд.
Ана ҳамин тавр мо 3 сол дар муҳити ғарибию мусофирӣ бо ғаму андуҳи бепоён умр ба сар бурдем,- мегӯяд Ҳиммат Шамолов.
Падари ӯ бобои Аҳмад, ки овони сарвари бригадаи пахтакорӣ буданаш бо ордени Ленин ва мукофотҳои гуногун сарфароз шуда буд, баъди нахустин вохўрии намояндагони ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон дар лагери “Кампи Сахӣ” бо гурезаҳо азми ба Ватан баргаштанро намуд.
Баъдан, чунин суҳбату вохӯриҳои намояндагони Тоҷикистон ва шахси обрӯманди ноҳияи Шаҳритус Талбак Садриддинов муҳоҷирони иҷборӣ боварӣ ҳосил намуданд, ки дар Тоҷикистон сулҳу осоиштагӣ ҳукмрон буда, Роҳбарияти олии мамлакат бозгашти ҳар нафар тоҷикистониро ба Ватан интизор аст.
Ҳамин сон, насли бузургсол аз миёни гурезаҳо бо маслиҳату роҳнамоии Талбак Садриддинов ба хулосае омадем, ки дигар ба ҳар овозаву суханони беасос бовар накарда, ба Тоҷикистон баргашта, хонаву дари худро обод намуда, зиндагиро дар Ватани худ идома медиҳем.
Хушбахтона, раванди музокироти сулҳи тоҷикон бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба поён расид.
Баъди ба даст овардани ваҳдати миллӣ мардуми меҳнатқарини кишвар дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо дастовардҳои бузург Тоҷикистонро дар ақсои олам муаррифӣ намоянд. Имрӯзҳо корҳои бунёдкорию созандагӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бемайлон идома дошта, рушду суботи кишвар боз ҳам қавитар мегардад ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва тинҷиву осоиштагӣ дар кишвар кору зиндагӣ дошта, баҳри рушду ободии Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Аъзам БОБОЕВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?


