Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
29 июн 19:48АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Сохтмон ва меъморӣ
БА РӮЗГОРИ НЕК РАСИДЕМ
Ин нуктаро зимни суҳбат раиси яке аз калонтарин ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Кӯшониён – “Заргар” Суҳроб Муродов иброз намуд.
-Хизматҳои шоистаю арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гуфт ӯ, - махсусан дар эҳёи дубораи Вахшонзамин, аз ҷумла ҳудуди имрӯзаи ҷамоати деҳоти мо, ки баъди воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта ҳолати ногуворе дошт, шоёни таҳсин аст.
Аз ин рӯ, ҳар вақте ки тибқи иҷрои вазифа ба ин ё он деҳаҳои ҳудуди ҷамоат сафар мекунаму бо бошандагони онҳо суҳбат меороям, ҳама бо ҳисси эҳтирому миннатдорӣ номи Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба забон мегиранд. Мегӯянд, ки маҳз сиёсати оқилонаю сулҳпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид, ки деҳоти мо дубора ободу зебо гардиду мардумаш шоду хуррам.
Талху душвору дардовар ҳам бошад бояд қайд кунам, ки баъди рӯйдоди нохуши ҷанги шаҳрвандӣ деҳаҳои ҳудуди ҷамоати мо ҳолати ногуворе доштанд. Бештари бошандагони ҳудуди ҷамоат дар он рӯзҳо фирорӣ шуда буданд. Аксарият умед надоштанд, ки дигарбора ба мулку хонаи ба арақи ҷабин ободкардаашон баргашта меоянд. Вале сиёсати сулҳу оштию ваҳдат ва суханони зерини таърихии Сарвари давлат: “То охирин гурезаро ба мулку ҷойи пештарааш бар нагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам”, имкон фароҳам овард, ки мардуми фирорӣ ба хонаю дари хеш баргарданду ба ободонию бунёдкорӣ машғул шаванд.
Имрӯз аз кӯчаю деҳаҳои ҳудуди ҷамоат кас гузар карда, бовар намекунад, ки як замон он мулки вайронаю нообод буду аксари мардумаш гуреза гашта буданд. Аз хонаҳои вайронаю сӯхтаю валангори айёми ҷанги шаҳрвандӣ дигар осоре намондааст. Ҳамаи он ободию бунёдкорие, ки деҳоти ҳудуди ҷамоатро фаро гирифтааст, касро ба ҳайрату шодмонӣ наоварда наметавонад. Имрӯз дар ҳудуди ҷамоат баробари бунёди иншооти истеҳсолӣ, корхонаҳои коркарди пахта, истеҳсоли равғану обҳои нӯшокӣ, иншооти варзишию тиҷоратӣ, фароғатӣ, муассисаҳои мактабию томактабӣ, биноҳои истиқоматӣ низ бунёд ёфта истодаанд.
Чун дигар гӯшаю канори Ватани азизамон дар Ҷамоати деҳоти “Заргар” низ бахшида ба ҷашни фархундаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 47 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 39 адади онҳо мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Обшорони ҷамоат муассисаи таълимии чорошёна барои ба таҳсил фаро гирифтани 620 нафар хонанда дар як баст ба истифода дода шуд, ки мушкилоти дурии роҳи қисмати зиёди хонандагони деҳаҳои гирду атрофро рафъ сохт. Ҳамин гуна иншооти ҳаётан муҳим дар аксари деҳаҳои ҳудуди ҷамоат қомат афрохта истодаанд, ки сокинони зиёди маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда истодаанд.
Ҳамзамон дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ боз якчанд иншооти дигар, аз қабили маркази саломатӣ, ду бунгоҳи тиббӣ, як майдончаи варзишӣ, як бинои маркази савдои дуошёна ва чор синфхонаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дар баробари ободонию бунёдкорӣ имрӯзҳо бошандагони ҳудуди ҷамоат аз заминҳои наздиҳавлигию хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамарӯза ба ҳисоби миёна зиёда аз 30 тонна маҳсулоти тару тозаи хешро, аз қабили помидору бодиринг, караму гулкарам ва қаламфури булғорию тезакро ба бозорҳои ҳудуди вилоят бароварда, бо нархи арзон пешкаши харидорон мегардонанд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Ин ҳама ба шарофати сулҳу ваҳдат аст, ки нақшаҳои нек марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумўи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан рушд мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.
-Алҳол дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мо зиёда аз 60 ҳазор нафар аҳолӣ аҳлона кору зиндагӣ карда истодаанд. Бо кумаку дастгирии 26 нафар раисони кумитаи маҳаллаҳо, 35 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳот ва дигар фаъолон, ки намояндагони ҳамаи деҳаҳо мебошанд, ҳамарӯза барои беҳбудии кору рӯзгори мардум ва дар амал татбиқ намудани сиёсати дурбинонаю сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кори аз дасташон меомадаро ба иҷро расонида истодаанд. Маҳз сиёсати сулҳу ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ки тамоми бошандагони ҳудуди ҷамоат ҷонибдори онанд, ба пешравии кори мо кумаки хуб намуда истодааст,- гуфт дар фарҷоми суҳбат раиси ҷамоат Суҳроб Муродов.
Сулаймон СУЛТОНОВДобавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД



