Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мулоқот бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти самимию судманд баргузор намуданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ дар канори осебдидагон буд ва бо расонидани кӯмакҳои саривақтӣ имконият даст дод, ки сохтмони манзилҳои нав ҳарчӣ зудтар оғоз ёбад. Хушбахтона то ба имрӯз аллакай қисми бештари корҳои сохтмонии хонаҳое, ки ба сокинони зарардида пешбинӣ гардидааст, сомон ёфтааст.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ дар канори осебдидагон буд ва бо расонидани кӯмакҳои саривақтӣ имконият даст дод, ки сохтмони манзилҳои нав ҳарчӣ зудтар оғоз ёбад. Хушбахтона то ба имрӯз аллакай қисми бештари корҳои сохтмонии хонаҳое, ки ба сокинони зарардида пешбинӣ гардидааст, сомон ёфтааст.
Зикр шуд, ки зарари расонидаи офати табиӣ ба пуррагӣ барқарор гардида, барои зисту зиндагонии сокинон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад ва хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми ашёи зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид доштанд, ки дар баробари сохтмони 20 манзили истиқоматӣ дар мавзеъи навбунёд, ҳамчунин дигар имконоту инфрасохтор ба пуррагӣ бунёд хоҳад гашт. Аз ҷумла, хатти барқу об, роҳи нақлиётгарду пиёдараҳ ва бунгоҳи тиббӣ бо назардошти талаботи муосир сохта ба истифода дода мешавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар мавзеъи нав зери назорати бевосита ва доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тамоми чораҳо андешида мешавад, то ҳарчӣ зудтар боқимондаи оилаҳо ба хонаҳои нави худ дароянд.Роҳбари давлат ба масъулини сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тамоми шароитро барои зиндагонии осебдидагон дар манзилҳои нав фароҳам созанд. Ҳамчунин корҳои сохтмонии манзилҳои 15 оилаи дигарро, ки дар минтақаи хавфнок қарор доранд, тезонида, онҳоро низ ба мавзъеи нав кӯчонанд.
Зимни баромади худ сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои ташриф ба ин мавзеъ ва шахсан бохабар гардиданашон аз ҳолу аҳволи зарардидагон, дастгирии моддию маънавии мардум изҳори миннатдорӣ карданд.
Таъкид доштанд, ки аз рӯзҳои аввали ҳодиса онҳо зери ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, бо расонидани кӯмакҳои пай дар пай, бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимот таъмин гаштанд.
Сокинон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхории падаронаи миннатдории бепоёни худро иброз доштанд ва ваъда доданд, ки бо меҳнати худ оянда ин мавзеъи навбунёдро ба яке аз маконҳои сарсабзу хуррам табдил хоҳанд дод.Дар ин бора сомонаи www.president.tj иттилоъ додааст.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



