Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗАРАРДИДАГОН БО ЗАМИН ТАЪМИН ШУДАНД
Ба сокинони зарардидаи деҳаҳои Навобод-3 ва Навобод-4-и ҷамоати деҳоти “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар натиҷаи фурӯравии замин манзилҳои зисти онҳо пурра хароб гардида буд, 0,10 гектари замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Ҳамчунин ба зарардидагон заминҳои кишоварзӣ низ ҷудо гардида, барои кишти маҳсулот ба онҳо кумак расонида мешавад.
Рӯзи 8-уми майи соли равон бар асари боришоти шадид, ки боиси лағшиши куҳпора гардид, дар деҳаи Навобод-3 ва Навобод-4-и деҳоти “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 19 манзили истиқоматии сокинон пурра валангор, 82 гектар майдонҳои кишт ва ду гектар замини наздиҳавлигӣ зарар диданд. Ҳамчунин бар асари ин офати табиӣ купруки шоҳроҳи Абдураҳмони Ҷомӣ-Ёвон низ хароб гардидааст.

Худи ҳамон рӯз муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба ҷойи ҳодиса омада, Ситоди вилоятии бартарафсозии оқибатҳои ҳолати фавқуллода бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода таъсис дода шуд.
Бино ба иттилои сухангӯи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов хушбахтона дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Барои хонаводаҳои манзилашон харобгашта 30 адад хаймаҳои муваққатӣ омода гардида, онҳо ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд.
-Дар маҳалли офат мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, гурӯҳи наҷотбахшону сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, мутахассисони Кумитаи идораи замин ва дигар масъулон ҳузур доранд. Комиссияи махсус барои муайян кардани хисорот кор бурда истодааст,- гуфт М. Муҳиддинов.

Ҳамчунин бо иштироки Сарвазири мамлакат рӯзи 11-уми майи соли равон ҷаласаи ситод оид ба рафъи оқибатҳои офати табии дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа қайд гардид, ки ба ҳар як хоҷагии зарардида дар маҳали бехавф 0,10 гектар заминбарои бунёди хонаҳои нав ҷудо карда шудааст.
Дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражлании мамлакат Сулаймон Исозода ҳисобот дода қайд кард, ки 235 нафар сокинон аз деҳаҳои зарардидаи Навобод ба маҳалли бехавф кӯчонида шудаанд.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафармаҳмад Раҳимзода гузориш дода, гуфт, ки тибқи арзёбии пешакӣ, ҳаҷми талафот аз ҳисоби 82 гектар замини киштшуда 779 ҳазор сомониро ташкил додааст. То имрӯз 6000 литр сӯзишвории дизелӣ барои рафъи офати табии, инчунин ба зарардидагон ду тонна орд, як тонна картошка, 500 килограмм биринҷ, 500 килограмм шакар ва дигар маҳсулоти ғизоиву маводи гигиенӣ ва асбоби рӯзгор кӯмак расонида шудааст. Ҳамарӯза зарардидагон бо се вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд. Аз ҷониби шахсони саховатманд низ ба оилаҳои зарардида кӯмакҳои моддӣ расонида шуда истодааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни баромади хеш қайд кард, ки масъалаи мазкур зери назорати шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҳисоби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагон масолеҳи сохтмонӣ кӯмак карда мешавад. Ҳамчунин Сарвазири мамлакат ба масъулони вазорату кумитаҳои дахлдор ҷиҳати ҳарчи зудтар оғоз бахшидан ба раванди сохтмони манзилҳои нав дастур дод.
Чанде аз сокинони зарардида зимни суҳбат миннатдории хешро ба Пешвои муззами миллат баён карда, гуфтанд, ки мо ҳаргиз худро танҳо ҳис намекунем ва зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилиҳо дар кутоҳтарин фурсат роҳи ҳали хешро пайдо хоҳанд кард.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



