Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИСТЕЪМОЛИ ДУРУСТИ ҒИЗО ДАР МОҲИ РАМАЗОН
Истеъмоли дурусти ғизо омили саломатӣ буда, махсус дар моҳи мубораки Рамазон ҳар шахс бояд худ ва атрофиёнро эҳтиёт кунад. Ҳангоми рӯзадорӣ пеш аз истеъмоли ғизо мебояд ба миқдори кофӣ об нӯшид то меъдаю рӯдаро бо оби тоза бишӯед. Об дар ҳарорати хона ширгарм бошад беҳтар аст.
Дар моҳи Рамазон дар баробари истеъмоли маводи ғизоӣ хурмо низ муфид аст. Зеро шакари хурмо ба инсон ҳисси серӣ медиҳад, зеро он ба хун хеле зуд ворид шуда, давоми рӯз бадан дар ҳолати гипогликемӣ (паст шудани глюкозаи хун) қарор дорад, истеъмоли ин мева дар ин ҳолат муфид аст.
Чой, қаҳва ва аксаран нӯшокиҳои газдор дар таркибашон кофеин ва моддаҳои кимиёвии мухталиф доранд, ки барои аз бадан холӣ кардани об кумак мекунанд.
Ба ақидаи табибон, дар моҳи шарифи Рамазон, парҳез бояд муътадил ва ба қадри имкон одӣ бошад. Давоми соатҳои иҷозатдодашуда хӯрок набояд зуд, балки оҳиста хӯрда шавад ва аз ҳад зиёд истеъмоли хӯрок пешгирӣ карда шавад.
Барои таъмин кардани организм аз беобӣ ҳармарӯза шумо бояд бештар об нӯшед. Зеро норасоии об барои тамоми организм хатарнок аст.
Субҳ наҳорӣ беҳтар аст ғизои сафедадор бештар истеъмол намуд, зеро он ба кори ҷигар муфид аст. Ҷигар ҳангоми рӯзадорӣ бефосила кор мекунад. Дар ин вақт набояд хӯроки пухта, чарбӣ ва дуддодашуда, инчунин моҳӣ истеъмол кард, зеро пас аз он талабот ба оби нӯшокӣ бештар мегардад. Инчунин аз қаҳва низ хубтар мешуд даст кашид.
Дар вақти ифтор хӯрокҳои гӯштӣ ва сабзавотӣ, инчунин ғалладонаву шириниҳоро ба миқдори кам истеъмол кардан беҳтар аст ё ин ки шириниҳоро бо хурмо ё мева иваз кардан мумкин аст. Аммо барои солимӣ зарур аст, ки дар ин моҳ бештар нӯшокӣ нӯшед. Аз ҷумла, шарбати мевагӣ, чой, оби ҷӯшомада ба солимӣ муфид аст.
Бегоҳирӯзӣ хӯрокҳои чарбӣ ва бирён истеъмол намудан мувофиқи мақсад нест, зеро ин гуна маҳсулот зардаҷӯшро ба вуҷуд меорад ва ҳангоми хуфтан душвориро ба миён меорад.
Маълумот аз интернет омода шудааст.Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



