Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аёдати собиқадорон
Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик аҳли қалами маҷаллаи «Сафо» бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшачорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аёдати собиқадорони матбуотро анҷом доданд.

Дар ин амали нек Латофат Чориева – сармуҳаррири маҷалла бо собиқадорон Саттор Қарахонов, Амиршои Хатлонӣ, Саидҷаъфар Сафархоҷаев, Фақир Саъдуллоев суҳбат намуда, аз ҳолу рӯзгорашон пурсон шуд. Аз ҷумла, оид ба саҳми онҳо дар рушди матбуоти тоқик ва дастгирии кадрҳои ҷавон ёдовар шуда, барои саҳми назаррас гузоштанашон дар ин соҳа сипосгузорӣ намуд ва онҳоро бо ҷашнҳои дар пешистодаи 11 март – Рӯзи матбуоти тоҷик ва Наврӯзи Аҷам шодбош гуфта кумаки молӣ расонид.

Инчунин бахшида ба Рӯзи модар эҷодкорон аз ҳолу рӯзгори омӯзгори собиқадор Адолат Сабуроваро, ки ҳамсари шодравон Абдувалӣ Абдувоҳидов, журналисти варзида ва нахустин сармуҳаррири маҷаллаи «Сафо» буданд, аёдат намуданд.

Собиқадорони матбуот аз ин амали нек рӯхбаланд шуда, бо шукргузорӣ аз тинҷию оромӣ ва суботи ҷомеа барои аёдати онҳо дар рӯзҳои хотирмон изҳори сипос намуданд.
Махфират ШОИМОВА
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН




