Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЧАКОМАИ ГЕСУ
Дар толори “Кохи Ватан”-и шаҳри Бохтар даври вилоятии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу» баргузор гардид.
Дар марҳилаи аввали чорабинӣ занону духтарони ҳунарманду машшотаҳои моҳир дар баробари маҳсули дасти худ анвои гуногуни ороишоти занонаро ба намоиш гузоштанд. Дар он намунаҳои мухталифи ҳунарҳои мардумии қавму миллатҳои муқими вилоят ва шаклҳои анъанавию муосири ороиши мӯй, расму оини миллии ҳуснороӣ бори дигар ба ҷамъомадагон нишон дода шуд.
Зимни боздид аз фестивал-озмуни номбурда муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ иброз намуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои қадимаи мардумӣ аз нав эҳё гардида, дар дохил ва хориҷи кишвар боз ҳам ҳаводорони худро пайдо намуда истодааст. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки занону духтарон ба сифати маҳсулоти истеҳсолнамудаашон диққати аввалиндараҷа дода, онро вобаста ба талаботи замон барои фурӯш омода кунанд.
Сипас, дар толори "Кохи Ватан"-и шаҳри Бохтар бо иштироки масъулони Раёсату бахшҳои кор бо занон ва оила ва гулдухтарони мӯйдароз фестивал-озмуни "Чакомаи гесу" баргузор гардид.
Дар баромади худ муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ҳадаф аз ин тадбири фарҳангиро намоиши ҳунар, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, тарғибу ташвиқи сарулибоси миллӣ, аз қабили адрасу атлас, шоҳӣ, чакану алоча, гулбасту чит, тоқӣ ва маросимҳои анъанавии "саршӯён", "арӯсбаророн", "кокулбофӣ" ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии ҷавондухтарон унвон намуд.
Дар идомаи даври вилоятии фестивал-озмун занону гулдухтарони хушхирому зебо аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо дар тан либоси миллӣ ба саҳна баромада, мӯйи дарозу ороишоти гуногуни ҳунари машшотагии якдигарро ба намоиш гузоштанд.
Дар охир ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли даври вилоятии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу” сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
МУҲАББАТДобавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС


