ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ “ДАСТАРХОНОРОӢ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Имрӯз, 12 феврал, дар шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни «Дастархонороӣ» бо иштироки намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ қайд кард, ки ин озмун дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 19 феврали соли 2019, №55 «Дар бораи баргузории фестивал, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021» барпо мешавад.
- Риояи анъанаҳои дастархонории миллӣ, мавҷуд будани таомҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани он ҳадафи асосии озмун маҳсуб мешавад, - зикр намуд Ф. Шарифӣ - Тибқи низомномаи озмун, ба ҳунари дастархонории довталабон аз рӯи талаботи зебо, хушоянд, дилписанд ва моҳиронаю сарфакорона оростани дастархон баҳо гузошта мешавад.
Ҳунармандону кадбонуҳо аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо усулҳои милливу хос ба минтақаҳои худ дастархон ороста, кӯшиш намуданд, ки талаботи низомномаи озмун риоя гардад. Хони оростаи онҳоро намунаи хӯрокҳои гуногуни миллӣ, аз қабили оши палов, гандумкӯчаю ӯмоч, шакаробу қурутоб, нону кулча, ширфатир, самбӯсаю манту, фатирмаскаву чанголӣ, кӯмочу ширкаду, шириниҳои ҳалвою кулчақанд, мураббо аз меваҳои гуногун, хӯришҳо аз меваю сабзавот ва нӯшобаҳо, ки дар шароити хона тайёр карда шудаанд ва боз даҳҳо номгӯи дигар анвои хӯрданӣ зеб медоданд.
Аъзои ҳакамон ба маҳорату малака ва тарзи хоссаи дастархони оростаи иштирокдорон баҳо гузоштанд.
Тибқи хулосаи ҳакамон, ҷойи якум ва Дипломи дараҷаи 1 ба ноҳияи Ховалинг, Дипломи дараҷаи 2 ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дипломи дараҷаи сеюм ба шаҳри Кӯлоб дода шуд.
Ба ҳамаи иштирокчиён Сипоснома мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
"Сафо"