29 янв 14:51АСОСӢ / Ахбор / Чеҳра

ХУРШЕД ҚУРБОНОВ: “Романи “Мартин Иден” нигоҳи маро ба зиндагӣ дигар кард”

- Дурахши ахтарон -


Равзанаи ошноӣ: Хуршед Қурбонов зодаи шаҳри Кӯлоб буда, баъди хатми МТМУ №8 –и шаҳри Кўлоб таҳсилро дар факултаи забонҳои хориҷии ДДК ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ идома додааст. Сипас, солҳои 1999-2003 факултаи иқтисодии Донишгоҳи мазкурро низ ба итмом расонидааст. Тӯли солҳои 1999-2009 ба ҳайси ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии ДДК ва солҳои 2009-2010 ҳамчун коршиноси соҳаи маркетинги ташкилоти хориҷии CEZVI –и кишвари Италия дар ноҳияи Ховалинг фаъолият менамояд. Баъдан аз 2009 то 2019 дар вазифаҳои коршинос - маркетолог, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари лоиҳа, координатори лоиҳа, афсари маъмурии ташкилоти байналмилалии Каритаси Шветсария дар ноҳияи Муъминобод кор карда, ҳамзамон ба ҳайси муаллими ҳамкори кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДК буд. Аз августи соли 2020 инҷониб саромўзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДК, аспиранти шуъбаи аспирантураи ДДК мебошад. Ғолиби ҷойи аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон. Оиладор, падари се фарзанд.

- Шуморо ба муносибати ғолибият дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” табрик менамоем. Нахуст каме дар бораи усули китобхониатон қисса мекардед, ки шояд барои мухлисони каломи бадеъ ҷолиб бошад.

- Ташаккур. Дар овони мактабхонӣ зимни мутолиаи ҳар китоб исми қаҳрамонҳои онро дар дафтари алоҳида қайд мекардам. Баъзан, як шахсияти таърихии як миллатро дар чанд асари дигар дучор меомадам, ки ин барои пурра намудани маълумот оид ба таърихи ин ё он кишвар ва ё шахсиятҳои муътабари он кумак мерасонад.

- Ба мутолиаи асарҳои адибони ҷаҳонӣ аз кай шурӯъ намудед?

- Дар синфи 6-ум ё 7-ум таҳсил доштам, ки китоби Даниел Дефо “Робинзон Крузо”-ро хондам. Барои огоҳӣ пайдо кардан, ки оё Робинзон Крузо қаҳрамони воқеист ё хайр, ба дигар сарчашмаҳо рӯй овардам. Баъдан, аз мутолиаи дигар китобҳо огоҳӣ пайдо намудам, ки прототипи Робинзон Крузо шахсе бо исми Александр Селкирк аст, ки дар ҷазираҳои Яллаи уқёнуси Ором зиндагӣ доштааст. Бинобар ин, зимни суолу ҷавоб дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” қисса кардам, ки муаллифи “Робинзон Крузо” Даниел Дефо собиқ роҳбари ниҳоди ҷосусии Англия аст. Дар дигар сарчашмаҳо омадааст, ки як тан аз ҳамтоёни муаллифи “Робинзон Крузо” ин асарро даҳ маротиба мутолиа карда, баъдан дар хотираҳои худ гуфтааст, ки “Ман дар ин асар ягон ишорае оид ба разведка пайдо накардаам”. Мавсуф омехта накардани касбиятро дар асари бадеӣ аз маҳорати касбию истеъдоди эҷодии нависанда арзёбӣ намудааст.

Умуман, китобхонӣ се навъ мешавад, якум, китобхонии рўякӣ, оне, ки китобро як варақгардон карда, ба кадом мавзӯъ дахл доштани онро мефаҳмад. Дуюм, усули китобхонӣ ин мутолиаи бодиққат аст, ки муҳтавои он дар хотири инсон боқӣ мемонад. Баъдан, хониши илмӣ аст, ки хонанда ҳар ҷумлаи хондаашро аз худ мекунад.

- Боре ишора карда будед, ки китоб мушкилкушои зиндагӣ ва роҳбалади инсон аст. Ин суханро каме шарҳ медодед...

- Як китоби илмӣ хонда будам, ки муаллифаш В. Виворский, академики рус ва ҳамзамон муаллифи Стратегияи рушди Россия мебошад. Ӯ аз донишмандони риштаи риёзӣ буда, дар як асараш чунин қисса мекунад: “Ман, ки аз як мактаби шаҳри Маскав ба таври гузариш таҳсилро бояд дар МТМУ №1788 ин шаҳр идома медодам, баъзан ба худ мегуфтам, ки дар ин муассисаи таълимӣ, ки ба равияи риёзӣ афзалият дода мешавад, теоремаи Пифагор, конус, пирамидаву ғайраҳо мехонем, оё ҳамаи он барои мо лозим меояд?” (Ин мисол барои китобхонӣ ҳам кор меояд). Муаллиф дар идома менависад, ки мактабро хатм карда, ба факултаи механика-математикаи ДДМ ба номи Ломаносов дохил мешавад. Маҳз дар имтиҳони дохилшавӣ ва идомаи таҳсил дар ин донишгоҳи маъруфи олам ҳамон донишҳои дар МТМУ №1788 азхуднамудааш, лозим омад. Яъне, хонанда аз мутолиаи ин китоб ба хулосае меояд, ки захираи донишҳои дар мактаби миёна аз худ намуда ва асарҳои бадеии мутолиакардаи мо дар идомаи зиндагӣ ҳатман лозим меояд.

- Барои мутолиа вақтро чӣ гуна ҷудо мекунед ва ё шумо тибқи як реҷаи муайян ба китобхонӣ машғул мешавед?

- Тайи 20 соли охир, одатан, ҳар лаҳзаи вақти холигии худро барои китобхонӣ сарф мекунам. Дар мавриди аз вақт самаранок истифода бурдан барои мутолиа донандаи машҳури амрикоӣ Ҷим Рон гуфтааст, ки агар инсон дар як сол ба ҳисоби миёна рўзе дусоатӣ китоб бихонад, пас, дар тӯли даҳ сол ҳудуди ду ҳазор китобро метавонад мутолиа кунад. Акнун тасаввур кунед, ки агар мардум вақти тамошои силсилафилмҳоро ба китобхонӣ сарф мекарданд, чӣ мешуд? Аз ин рӯ, барои ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ба мутолиаи китобҳои бадеӣ падару модарон нақши муҳим мебозанд. Шахсан барои ман дар ин ҷода падарам роҳбаладу роҳнамоям буданду ҳамаи китобҳои лозимиро бароям дастрас мекарданд. Баъдан, муҳити таълимгоҳ низ дар тарбияи наврасон нақши муассир дорад. Чун дар синфе, ки таҳсил доштам, бештари ҳамдарсонам аълохон буданд, натиҷаи шавқи ҳамешагии мо ба илму донишандӯзӣ ва мутолиаи адабиёти бадеӣ буд, ки 4 тан ҳамсолонам мактабро бо медали тилло ва ду нафар бо медали нуқра хатм намуданд.

- Нахустин китобҳои бадеии мутолианамудаи Шумо кадомҳоянд?

- Аз замони дар синфи 5-ум таҳсил доштанам ба мутолиаи адабиёти бадеӣ шавқ пайдо намуда, аввалин китоби хондаам “Тобистони ман”-и Пўлод Толис буд. Баъдан, асари “Вафо”-и Фотеҳ Ниёзӣ ва сипас, асарҳои Садриддин Айниро мутолиа кардам. Ҳамчунин, бо таваҷҷуҳ ба асарҳои нависандагони хориҷӣ Расул Ғамзатов, Ҷонатан Свифт мароқ пайдо намудам. Баъди аз бар намудани забони русӣ ва хондани китоби “Дар талоши ҳаёт” - и Ҷек Лондон ба суроғи асарҳо бо забони русӣ шудам. Замони дар синфи 10-ум таҳсил доштанам мутолиаи романи “Мартин Иден”- и Ҷек Лондон нигоҳи маро ба зиндагӣ дигар кард.

Умуман, олами китоб ончунон дар ҳаёти даврони мактабхонии ман таъсиргузор буд, ки маблағи ба дастам омадаро ба хариди китоб сарф мекардам. Ёд дорам, айёми донишҷӯӣ дар таътили тобистона ба Федератсияи Россия ба мардикорӣ рафта будам. Вақти бозгашт аз шаҳри Маскав ҳамсафаронам ягон миқдор маблағ оварда бошанд, ман бо ду ҷузвдон китобҳои бадеӣ омада будам. Ман ҳама китобҳои китобхонаамро аз дукону мағозаҳои шаҳрҳои гуногун харида, ҳатто баъзеашро аз партовгоҳҳо ҷамъ кардаам, ки мардуми зарношинос аз баҳри онҳо гузашта буданд. Дар шароити кунунӣ, ки дастрасӣ ба адабиёти сатҳи ҷаҳонӣ кори осон шудааст, мо китобҳои ҷолибро аз сомонаҳои интернетӣ пайдо ва нусхабардорӣ мекунем. Теъдоди асарҳои бадеӣ, ки дар шакли варақабандӣ ҷамъ кардаам, аз 300 адад зиёд аст.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Ба Шумо ва аҳли эҷоди маҷалла миннатдорӣ баён мекунам.

               Мусоҳиб Билоли ШАМС, шаҳри Кўлоб

Добавить комментарий