Бойгонӣ

"ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН" РЎИ ЧОП ОМАД

- МУЖДА -

Дар вилояти Хатлон нашрияи кӯдакона бо номи "Ғунчаҳои Хатлон" таъсис дода шуд. Тавре Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар сањифаи фейсбукии хеш менависад, ин тасмим бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гирифта шудааст. 

Ҳадафи таъсиси ин нашрияро манбаъ «фароҳам овардани минбар барои истеъдодҳои наврас, муаррифию тарғиби дастовардҳо ва эҷодиёти онҳо, ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиа ва илмомӯзӣ, инкишофи ҷаҳони маънавӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ тарбия намудани онҳо» гуфтааст.

Шумораи якуми нашрияи "Ғунчаҳои Хатлон", ки аз 16 саҳифаи формати А4 иборат аст, кӯдакону наврасони лаёқатманди вилояти Хатлонро ба хонандагон муаррифӣ намуда, дар бораи дастовардҳои онҳо дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ маълумот медиҳад. 


Инчунин, дар ин шумора афсонаю чистонҳо, тезгӯяку латифаҳои бачагона, муаммою бозиҳои донишафзо, тестҳо, карикатураю калимаёбак, дарси забони англисӣ тавассути бозиҳо, кроссворду судоку ва дигар маводи ҷолиби диққати хонандагон ба чоп расидаанд.

Ањли эҷоди «САФО» нашри шумораи аввали нашрияро ба ањли эҷод муборакбод мегуему бовар дорем, ки дар муддати кутоњ дар фазои иттилоотии кишвар мавқеи аразандаро соњиб хоњад шуд.

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019