Бойгонӣ

"БӮЙИ КАНОРИ МОДАРАМ" ДАР ФАЗОИ ХАТЛОН БА МАШОМ МЕРАСАД

- ХУШХАБАР -

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои чопи маҷмӯаи шеърии "Бӯйи канори модарам" кумак намудааст.

Дар ин бора Шуъбаи иттилоотию таҳлилии  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки муаллифи маҷмӯаи мазкур  Қумрӣ Назароваи 66-сола- омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Хуросон ва модари 8 фарзанд мебошад.

 Ба китоб устод Амиршоҳи Хатлонӣ- узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон сарсухан навишта таъкид доштааст, ки «Қумрӣ Назарова яке аз дӯстдорони адабиёт буда, дар ин ҷодаи пуршараф гом мениҳад ва дар маҷмӯаи "Бӯйи канори модарам" аз соҳибистиқлолӣ, рушду пешрафти кишвар илҳом гирифта, чакидаҳои хешро рӯйи саҳифаҳои китобаш ба қадри тавонаш эҷод намудааст».

Муаллифи китоб Қумрӣ Назарова бо рӯҳбаландию эҳсоси қаноат ба раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки барои нашри маҷмӯаи шеъриаш мусоидат намудааст, сипоси бепоён изҳор карда, ҳамчунин чанд нусхаи онро ба китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим кардааст.

 «САФО»

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019