СОЛИ НАВ СОЛИ ФАЙЗУ САХО МЕШАВАД
Њамакнун соли куҳани 2020 ба поён расиду соли нави мелодии 2021 фаро расид.
Тавре медонем, мувофиқи солшумории милодӣ соли нави 2021 ба соли бақар рост меояд.
Соле, ки сипарӣ гардид, бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳн шудани бемории сироятии COVID-19, соли хотирмон буд.
Дар сатҳи баланд гузаронидани Интихоботи президент, интихоботи вакилон, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз ҷумлаи воқеаҳои муҳими сиёсии кишвари мо маҳсуб меёбанд.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон ба оянда назари нек доранд ва эътимод ба он мекунанд, ки соли нави мелодии 2021 низ соли нек, пурфайзу бобарор ва комёбиҳои бузург мегардад. Зеро ояндаи дурахшони кишвари азизамон ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ – бунёди иншоотҳои хурду бузурги энергетикӣ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳою шабакаҳои замонавӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат вобаста аст.
Рӯйдоди аз ҳама муҳиму хотирмон дар соли 2021 ин бо комёбиҳои арзанда ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз таърихи солшумории мелодӣ
Солшумории аслии мелодӣ аз пайдоиши дини масеҳӣ оғоз ёфтааст. Онро имрӯз қариб тамоми ҷаҳон истифода мебаранд. Солшумории милодӣ аз соли 1 ҳазорсолаи 1 милодӣ оғоз ёфта, ба сӯи зиёдшавӣ меравад. Ғайр аз солшумории масеҳӣ дар ин давра солшумориҳои дигар низ вуҷуд доштанд.
Солшумории григорианӣ дар Аврупо пайдо шудааст. Онро Папаи Рим Григории 13 соли 1582 ҷорӣ намудааст. То ҷорӣ гардидани солшумории григорианӣ солшумории юлианӣ маълум буд. Вале ин солшуморӣ оҳиста-оҳиста ҷои худро ба солшумории григорианӣ дод. Онҳо аз ҳамдигар ҳамагӣ 13 рӯз фарқият доштанд.
Шурўъ аз миёнаҳои асри ХХ солшумории григорианӣ қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон мавриди истифодаи доимӣ қарор гирифт.
Соли 988 князи Руси Киевӣ Владимир дини насрониро қабул кард ва онро дини давлатӣ эълон намуд.
Дар Русия бошад аз асри Х сар карда, соли навро аз 1- март ҷашн мегирифтанд, зеро аз рӯи ривояти масеҳӣ Худованд оламро дар ҳамин рӯз офаридааст.
1-январи соли 1700 подшоҳи Россия Пётри 1 фармон баровард, ки 1-январ ҳамчун рӯзи мавлуди пайғамбари насрониён – Исои Масеҳ ҳамчун оғози Соли нав ботантана ҷашн гирифта шавад.
2-июни соли 1897 мувофиқи фармони императори Россия Николаи 2, 1-январ рӯзи ид ва истироҳат эълон гардид. Вақте ки болшевикон бо роҳбарии В.И.Ленин ба сари ҳокимият омаданд, ин фармон лағв (бекор) гардид. Ҳукумати Шӯравӣ соли 1919 1-январро рӯзи корӣ эълон намуд.
23.12.1947 бо фармони раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС 1-январ рӯзи ид ва истироҳат эълон гардид. Аз ҳамон давра сар карда то имрӯз дар тамоми кишварҳои ҷаҳон мувофиқи тақвими солшумории милодӣ 1-январ ҳамчун оғози соли нав ҷашн гирифта мешавад. Ҳоло дар Россия Соли нав 10 рӯз таҷлил мешавад.
Шаби Ялдо ба Соли нав иртибот дорад
Мардуми ориёӣ ҳанӯз дар аҳди бостон вобаста ба ҳодисаҳои табиат, таҷрибаи зиндагӣ, тағйири фаслҳои соли, дарозию кӯтоҳии шабу рӯз фаъолият ва зиндагии худро ба танзим медароварданд.
Шаби 21-22 декабр ба охир расидани фасли тирамоҳ ва оғози фасли зимистон ҳисобида мешуд. Ин шабро Шаби Ялдо меноманд. Маънои «Ялдо» таваллуд мешавад, яъне таваллуди Меҳр ё Хуршед.
Олимону муҳаққиқон беш аз 10 шабеҳияту муштаракоти масеҳияту меҳрпарастӣ (зардуштӣ)-ро нишон доданд, ки яке аз онҳо «Шаби Ялдо» мебошад.
Қаблан 21-декабр бо номи нахустин рӯзи зоиши Хуршед дар сарзамини ориёӣ дар саросари империяи Рум ва дигар кишварҳо ҷашн гирифта мешуд.
Баъди масеҳиятро дини расмӣ эълон кардан, чун рӯзи таваллуди Исои Масеҳ маълум набуд, калисои насронӣ рӯзи таваллуди Меҳр ё Хуршедро ба рӯзи мавлуди Исои Масеҳ тағйир дод, ки он тибқи тақвими нав ҳар сол рӯзи 1-январ гузаронида мешавад. Ҳамон дарахти арча, ки рамзи соли нав мебошад, ба шакли дарахти сарви ориёӣ омадааст.
Дар Энсиклопедияи Советии тоҷик дар бораи шаби Ялдо омадааст: «Шаби Ялдо дарозтарин шаби аввали моҳи дай аст, ки ба 22 декабр рост меояд ва онро инқилоби зимистонаи Офтоб низ мегӯянд. Бисёр шоирони классики форсу тоҷик Шаби Ялдоро ҳамчун образи шеърӣ истифода намудаанд.
Аз ҷумла шоири бузург Муиззӣ фармудааст:
Ту ҷисми латифу ҷаҳон ҷисми касиф аст,
Ту шамъи фӯрузонию гетӣ шаби Ялдо.
Ҳамаи Шумо ҳамватанони азизро бо ниятҳои неку фараҳбахш бо соли нави милодии 2021 таҳният мегӯем. Бигузор соли нав барои Шумо соли бобарору пурфайзу баракат ва соли амалӣ гардидани ҳамаи орзуҳои некатон гардад.
Соли нав бодо муборак, эй азизони Ватан,
Дар амон дорад нигоҳ моро Худои руҳу тан.
Аъзам БОБОЕВ, рӯзноманигор