Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Панди зебосанам
- Аз ҳар зовия -
Рӯзе ҷавоне назди падараш омаду гуфт: Духтареро дидам ва мехоҳам бо ӯ издивоҷ кунам. Ман шефтаи зебоӣ ва латофати он духтар шудаам.
Падар бо хӯшҳолӣ пурсид: Он духтар куҷост, то бароят хостгорӣ кунам?
Онҳо ба назди духтар рафтанд, аммо падар ҳамин ки духтарро дид, дилбохтаи ӯ шуд ва ба писараш гуфт: Бубин писарам, ин духтар муносиби ту нест ва ту ӯро хушбахт карда наметавонӣ. Ӯро бояд марде мисли ман соҳиб шавад.
Писар бо нобоварӣ гуфт: Имкон надорад падар, касе, ки бо ин духтар издивоҷ мекунад, фақат ман ҳастам.
Баҳси падару писар то ҷое идома ёфт, ки корашон ба қозӣ кашид. Қозӣ дастур дод, ки духтарро наздаш ҳозир кунанд, то худ хулоса кунад. Аммо вақте қозӣ духтарро дид, шефтаи ҷамол ва маҳви дилрабоии ӯ шуд ва гуфт: Ин духтар муносиби шумо нест, балки шоистаи шахси соҳибмансабе чун ман аст.
Пас, ин бор се нафар бо ҳам даргир шуданд ва барои ҳалли масъала назди вазир рафтанд.
Вазир низ бо дидани духтар гуфт: Ӯ бояд бо вазире мисли ман издивоҷ кунад.
Қазия идома пайдо кард, то расиданд ба шахси амир. Амир низ монанди бақия шефтаи духтар шуд.
Баҳсу мушоҷара боло гирифт, то ин ки духтар пеш омад ва гуфт: Роҳи ҳалли масъала дар дасти ман аст. Ман медавам ва шумо аз пӯшти сари ман бидавед. Аввалин касе, ки тавонад маро гирад, бо ӯ издивоҷ мекунам. Чунин гуфт ва билофосила шурӯъ ба давидан кард ва панҷ нафар; падар, писар, қозӣ, вазир ва амир ба дунболи ӯ давиданд. Баъди давидани зиёд ногаҳон ҳар панҷ нафар ба дохили чоҳи чуқуре афтоданд.
Дар ин ҳангом духтар аз болои чоҳ ба онҳо нигоҳ кард ва гуфт: Оё медонед ман ки ҳастам? Ман дунё ҳастам. Ман касе ҳастам, ки аксари мардум ба дунболам медаванд ва барои ба даст оварданам бо ҳам рақобат мекунанд ва дар роҳи расидан ба ман, аз дин, маърифат ва инсонияташон ғофил мешаванд. Ҳирсу тамаъи онҳо поён намеёбад, то он даме, ки дар қабр гузошта шаванд. Дар ҳоле, ки ҳаргиз ба ман нарасидаанд.
Таҳияи Абдурашид Қаюмзод.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



