25 ноя 10:00АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат

Тоҷикистон ба пеш!

- Мавқеъ -

Тоҷикистон ба пеш! Ин суханони ҷонбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар фарди худогоҳу меҳандӯстро ба сӯи рушду ободии Ватан таҳрик медиҳад ва аз лаҳзаи ба истифода додани агрегати дуввуми НБО – Роғун шиори таконбахши зеҳну замири миллионҳо нафар сокинони кишвари маҳбубамон гардидааст, ки инак бори дигар зимни маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби кишварамон садо дод.
Дарвоқеъ ҳам аз замони фаъол гардидани ду чархаи НБО “Роғун” натанҳо раванди рушду ободонӣ, таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, рафти корҳои бунёду сохтмони корхонаву иншооти азим дар кишварамон вусъати тоза пайдо намудааст, балки дар рўҳияи сокинони кишвар шавқу завқу неруи тоза ба хотири ҷидду ҷаҳди пайваста баҳри саҳмгузорӣ дар кор- ободонию пешрафти Тоҷикистони азиз мушоҳида мегардад.
Моҳи ноябр бо муҳимтарину бузургтарин рӯйдодҳояш барои мо, мардуми Тоҷикистон, хотирмону арзишманд аз барои он аст, ки дар санаҳои гуногуни он рӯзҳои муҳиму таърихиеро ҷашн мегирем, ки ба бунёди давлати соҳибистиқлолу демократии мо заминаи воқеӣ гузоштааст. Тавре ходимони давлатӣ ва ҳам сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намудаанд, истиқлолияти воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад, бо интихоби роҳбари ҷавони кишвар ва рӯи кор омадани ҳукумати навтаъсис сарзамини Тоҷикистонро аз парокандагӣ ва мардумонашро аз парешонию ғарибӣ наҷот бахшид.
Самараи азми устувору ҳадафҳои хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар муддати кутоҳ фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ то дар дурдастарин музофоти кишвар мустаҳкам гардида, вазъи сиёсӣ дар кишвар ба эътидол оварда шуд. Ин буд, ки санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Маҳз бо қабули Қонуни асосии кишвар давлату созмонҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тољикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ ва ягонаву дунявӣ эътироф
намуданд. Ҳамин сон, оғози марҳилаи аввали фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба робитаҳои сиёсию иқтисодӣ, оғози ҳамкориҳои муштарак ва иштироки намояндагии кишвари мо дар ҷаласаву созмонҳои сатҳи ҷаҳонӣ замина гузошт.
Умуман, шурўъ аз Иҷлосияи таърихӣ то дар тамоми давраҳои рушду нумўи Тоҷикистон ва паси сар намудани марҳилаҳои пуршебу фарози давлатдорӣ бо шарофати интихоби абармарди таърихсозе ба ҳайси Президенти кишвар мебошад, ки бо бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мардуми ғарибу дар ақсои олам ғарибгардидаро сарҷамъ сохта, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибтамаддун муаррифӣ намуд.
Ин буд, ки бо нишони нақши бузурги институти президентӣ дар эъмори давлати соҳибистиқлолу таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ ва бунёди як ҷомеаи солиму мардумонаш хушбахту саодатманд, бо Қарори Маҷлиси Олии мамлакат 16-уми ноябр Рӯзи Президент қабул гардида, дар кишвари мо ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Яке аз ҷашнҳои муҳиму намои ҳуввияти миллату давлатдории мардуми Тоҷикистон ин Рӯзи Парчами миллӣ арзёбӣ мегардад, ки мо ин санаи ифтихору сарфарозии халқи худро 24-уми ноябр таҷлил менамоем. Дар баробари эҳтирому эътибори арзишҳои муқаддаси давлатӣ арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ аз анъанаҳои бостонии ниёгони мо мебошад, ки гузаштагонамон дар муҳимтарин лаҳзаҳои тақдирсоз Парчами миллату давлати худро боло нигоҳ доштаанд. Аз ин лиҳоз таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ нишони арҷгузорӣ ба муқаддасот, инчунин дар тарбияи насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстию ҳисси ифтихору сарафрозӣ дар роҳи ҳифзи якпорчагии ин сарзамини муқаддас нақши ниҳоят муҳим дорад.
Боиси хушбахтию саодати мардуми шарафманди Тоҷикистон аст, ки имсол моҳи ноябр, моҳи истиқбол аз санаҳои муҳими таърихии мо аз маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихобамон ҳусни оғоз ёфт. Президенти мардумии мо зимни суханронии хеш дар маросими савгандёдкунӣ изҳор дошт, ки; “Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам”.
Пешвои муаззам бо ҳисси эҳтироми бузург ба халқаш изњор дошт, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу неруи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам гузоштааст.
Суханони ояндасозу таҳкимбахши эътимоду боварӣ ба ояндаи боз ҳам дурахшон ҳар фарди худогоҳро водор менамояд, ки дар пайравӣ аз ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат саҳмгузорӣ дар рушди ояндаи Ватан, ҳифзи якпорчагии меҳани азиз ва дигару дигар масъулиятҳои шаҳрвандиро рисолати худ дар зиндагӣ дониста бошад. Зеро бо итминону боварӣ ба неруву иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Итминони комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву неруманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем”.
Президенти мардумӣ ба номи Худо, ба нону намаки мардуми шарифи кишвар ба номи хурду бузурги ин диёри бостониаш ва ба поси хотири ҷовидонаи фарзандони фарзонаашон ва ҳама арзишҳои барояш муқаддас савганд ёд намуд, ки ҳама донишу таҷриба, саъю талош ва ҳастии худро ба ин обу хоки муқаддас, халқи бузургу қаҳрамон, соҳибмаърифату тамаддунсоз, меҳрубону қадршинос, заҳматдӯсту матинирода ва Тоҷикистони соҳибистиқлолу фидо месозад.
Мо ҳар сокини худогоҳи Тоҷикистони азиз, бо нишони ҳамраъйӣ ба суханони Сарвари давлат, орзуи пойдории давлати соҳибистиқлолу сулҳу ваҳдати кишварамонро дошта, бо таманои хушбахтию саодати ҳамватанонамон ин орзуву ормонҳо ва ҳадафҳои бузурги Пешвои муаззами миллатро шиори худ дар зиндагӣ медонем:
“Тоҷикистон, ба пеш! Ба сӯи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт”!
Добавить комментарий