Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Роҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи Президент
Дар таърихи давлатдории кишварҳои ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаста ва номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи чунин шахсиятҳоест, ки дар роҳи расидан ба суботи сартосарӣ ва зиндагии арзандаи мардуми кишвар нақши муассир гузоштаанд.
Маҳз ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар аз роҳпаймойи гурӯҳи ҷавонони фаъоли “Авангард”-и назди Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон ва бо иштироки садҳо нафар кормандони ташкилоту муассиса, идораву корхонаҳо ва сокинони қадршиносу ватанпарвар оғоз гардид.
Дар ин рӯз ҷавонону калонсолон бо шиору овезаҳои тараннумгари фазои идона парчам парафшонӣ намуда, зери навою ливо ва шиору овезаҳо аз назди Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон ба самти майдони Парчами миллӣ ва пайкараи Асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳаракат намуданд.
Ба ҳам омадани ҷавонони худогоҳу ватанпарвар аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо дар масири созандагию ободонӣ ва рушду пешрафти Тоҷикистони азиз сарвари миллатро мебинанд ва ба хизматҳои шоёни ӯ арҷ мегузоранд.
Дар ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон, ҷавонони гурӯҳи “Авангард” ва фаъолону зиёиён иштирок намуда, дар назди майдони Парчами миллӣ ҳамоиш оростанд.
Баромадкунандагони чорабинии идона дар хусуси хизматҳои камназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли ҳунару санъати Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳам бо барномаи мукаммали фарҳангӣ, ки
тараннумгари Ваҳдату якдилӣ, ободию шукуфоии диёр ва баёнгари хизматҳои беназири Пешвои миллат буд, чорабинӣ баргузор намуданд.
Амонҷон МАХКАМОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


