КОНСТИТУСИЯ- ҲУҶҶАТИ САОДАТБАХШИ МИЛЛАТ


Қабули конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи муҳиму таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин рўз соли 1994 номаи иқболи халқ- ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Ин ҳуҷҷати тақдирсоз имкон фароҳам овард, ки самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян карда, ба бунёди ҷомеаи дунявӣ ва демократӣ асоси муътамади ҳуқуқӣ гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон далолат бар он мекунад, ки хиради азалии мардуми тоҷик дар қабули ин санади муҳими тақдирсоз нақши арзанда дорад.

Дар заминаи конститутсия, як силсила қонунҳои конститутсионӣ ба тасвиб расиданд, ки рушди инкишофи демократияро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таъмин менамоянд.

Ин аст, ки риояи қонуният, таъмини адолати иҷтимоӣ, дастрасии мардум ба озодиву хушбахтӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон таъмин шуда, аз ин нуқтаи назар кишвари мо дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи сазовор дорад. Маҳз ба шарофти қабули конститутсия дар Ватани мо бародарию баробарии халқҳои Тоҷикистон даст дода, баҳри инкишофи расму оини мардуми Тоҷикистон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Имрўз сокинони мамлакат фирўзу хушбахтанд. Дар эъмори ҷомеаи демократии Тоҷикистон, созандагиву бунёдкорӣ рушд мекунад. Баҳри таҳкими истиқлолияти давлатии кишварамон мардуми тоҷик софдилона заҳмат мекашанд. Ин далели он аст, ки раванди инкишофи демократия ва сохти давлати дунявӣ, демократӣ дар Тоҷикистон вусъати тоза пайдо кардааст, ки ин имкон медиҳад дар амалӣ кардани аҳдофи стратегии мамлакат ва ҳалли ормонҳои миллӣ мусоидат намояд. Ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар олами муосир чун мамлкати озоду обод ва пешрафта дар рўи ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

Ин ҳама пешрафтҳо дар самти таҳкими қонуният, таъмини адолат дар ҷомеаи имрўза ва рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳо ба шарофати ташаббускори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада,

далолат барон дорад, ки мо ба ҳали аҳдофӣ стратегӣ ва манфиатҳои миллӣ муваффақ мешавем.Зеро дар ҷомеаи мо қонун кафили пешрафт ва инкишофи озодиву ободии кишвармон аст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шуморо ба муносибати 26 умин солгарди Конститусия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рўзгорро хоҳонам.


Добавить комментарий