Бойгонӣ

“БЕЖАН ВА МАНИЖА” ДАРИ ТЕАТРРО БОЗ КАРДАНД


Ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо нахустнамоиши “Бежан ва Манижа” ба мавсими нави театрӣ оғоз бахшиданд. Намоиш аз рӯи осори “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи коргардони ҷавон Баҳром Қурбонзода ба саҳна гузошта шуд.

Муҳтавои достони “Бежан ва Манижа” меҳрварзии паҳлавони эронӣ ва духтари шоҳи Турон мебошад. Бежан ҳамроҳи Гурзин барои маҳв кардани гурозон меравад. Баъд аз анҷоми кор ба марғзоре дар марзи Эрону Турон меоянд. Дар ин марғзор духтари Афросиёб бо ҳамроҳонаш базм ороста буд. Бежан ва Манижа ҳамдигарро мебинанду дар дилашон меҳр пайдо мекунанд. Манижа Бежанро ба қасри худ мебарад. Дарбориён ба шоҳи Турон Афросиёб хабар мерасонанд. Афросиёб Бежанро дастгир мекунад ва ӯро чун маҳбус ба чоҳе меафканад. Манижаро аз қаср меронад. Рустами достон Бежанро аз чоҳ раҳо карда, ҳамроҳи Манижа ба Эрон мебарад. Ҳамин тавр ин достони лирикӣ дар саҳнаи театр ба тамошобинони сершумор хуш омад.

Отахон Саидзода, роҳбари театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар зикр дошт, ки дар интихоби достон ба асарҳои бузургони адабиёти классик рӯ оварданд, то аз осори онҳоро ба воситаи нақшофарии ҳунармандон ба наврасу ҷавонон ғизои маънавӣ бахшанд.

Намоиши “Бежан ва Манижа” дар театри вилоятии шаҳри Бохтар идома меёбад.

                                     М. Амонҷон
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019