ШОҲ ИСМОИЛ ВА ҲАМСАРОНИ Ў
- Аз ҳар зовия –
Мегўянд Шоҳ Исмоили Сафавӣ ду ҳамсар дошт бо номҳои Ҷаҳон ва Ҳаёт, ки ҳар ду дорои табъи шоирӣ буданд.
Рӯзе бону Ҷаҳон ин шеърро барои шавҳараш, ки дар сафари ҷангӣ буд навишт ва равон кард:
Ту подшоҳи ҷаҳониву Ҷаҳон зи даст мадеҳ,
Ки подшоҳи ҷаҳонро Ҷаҳон ба кор ояд.
Бону Ҳаёт вақте фаҳмид, ки Шоҳ Исмоил баъди хондани ин шеър дилтанг ва ғамгин аз дурии Ҷаҳон шудааст, аз ҳасодат хунаш ба ҷӯш омада, ин шеърро ба Шоҳ Исмоил фиристод:
Тарки ғами Ҷаҳон бикун, то зи Ҳаёт баҳра барӣ,
Ҳарки ғами ҷаҳон хӯрад, кай зи ҳаёт баҳра барад.