Бойгонӣ

АНГУР

- Неъматҳои табиат -


Тоҷикистонро биҳишти рўи замин меноманд. Зеро ҳар гулу гиёҳ ва меваю сабзавотҳое, ки дар ин сарзамин мерўяд аз витаминҳо, минералҳо бой буда, дорои хусусияти шифобахшист. Дар ин саҳифа оид ба манфиат ва зарари ангур мехоҳем бароятон маълумот бидиҳем.

Истеъмоли ангур бештар хусусияти давобахшӣ дошта, организми инсон ба витамин ва минералҳои он бештар ниёз дорад.

Бемории дил. Оксиди нитроген дар таркиби ангури сурх пеши роҳи ғафсшавии хунро мегирад, ки дар пешгирии бемории дил мусоид аст.

Холестерин. Афшураи ангур барои кам кардани сатҳи холестерин дар хун кумак мекунад.

Дарди нимсара (мигрен). Агар аз дарди нимсара азият мекашед, пас субҳи барвақт шарбати омехтанашудаи ангурро нўшед, нафъи хуб хоҳад дод.

Паст шудани биноиши чашм. Вобаста ба синну сол ҳуҷайраҳои асаб нобуд мешавад ва шабакияи чашм (ретина) ба нобиноӣ оварда мерасонад. Тибқи тадқиқоти илмӣ, ки агар ҳамарўза 15 донаи ангури сурхро истеъмол кунед, шумо метавонед 40% хатари паст шудани биноиро пешгирӣ намоед.

Хотира. Агар се моҳ мунтазам ҳамарўза ангурро истеъмол кунед, хуб шудани хотираро эҳсос мекунед.

Нафастангӣ. Донаҳои ангур барои бемороне, ки нафастангӣ доранд, давои хубест. Истеъмоли пайвастаи ангур барои кушодани роҳи нафас хуб аст.

Меъда. Ангур меваи сабукест, ки ҳангоми ҳазмнашудани ғизо ва ё дарди меъда сабукӣ меорад. Инчунин барои қабзияти шикам низ мусоид буда, дарди рўдаву меъдаро бартараф месозад.

Гурда ва талхадон. Ангур хусусияти осон кардани фаъолияти гурдаро доро буда, истеъмоли он ба паст шудани кислотаҳо дар пешобдон мусоидат мекунад. Агар бештар ангури ранги

равшандоштаро истеъмол кунед оҳиста – оҳиста қуми талахадонро нобуд сохта, гурдаро низ тоза мекунад. Ангур, ки пешоброн аст, варамҳоро низ бартараф мекунад.

Вирусҳо ва бактерияҳо. Ба сифати муҳофизат аз инфексияҳо, бактерия ва вирусҳо, аз ҷумла аз вируси табхол (герпес) истеъмоли ангури сурх манфиатбахш аст.

Диабети қанд. Барои нафароне, ки гирифтори бемории диабети қанд мебошанд, истеъмоли ангур тавсия дода намешавад.

Фишорбаландӣ. Ба ин беморон низ хуб мешуд аз истеъмоли пайвастаи он даст кашанд.

Шикамравӣ. Дар ин ҳолат муваққатан аз истеъмоли ангур даст кашед. Зеро истеъмоли ангур метавонад шикамравиро боз ҳам шадидтар гардонад.

                                                            Таҳияи Азиза

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019