ВАХШ. БУНЁДИ БЕМОРХОНА АЗ ҶОНИБИ СОҲИБКОР

Бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсупов дар заминаи Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш як беморхонаи хуштарҳу замонавии дорои 100 кат бунёд гардид. Он бо харҷи 4 миллион сомонӣ сохта шуда, аз чор шуъба, шуъбаи амрози даруна, амрози занона, шуъбаи ҷарроҳӣ ва шуъбаи кӯдакона иборат мебошад.

Тавре директори муассисаи болозикр Ҷамил Ҷалолов зимни суҳбат иброз кард, баъди ба истифода додани он беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Муассиса бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ таъмин буда, ба аҳолӣ хизмати бо сифати тиббӣ хоҳад расонд.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки санги асоси беморхона соли 2014 зимни ифтитоҳи коллеҷ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.

                                                    Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий