Бойгонӣ

ШАМЪИ ХОНАДОНИ ПАДАР

                                                                                  Шуғли нодир


Падару гузаштагони занбўрпарвари номӣ, сокини шаҳри Бохтар Исмоил Қосимов соли 1927 - ум аз водии Фарғона ба водии Вахш кўч баста, дар ободонии ин гўшаи Тоҷикистон ҳиссаи арзанда гузоштанд. Падар Муъминҷон Қосимов соли 1943 ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, ҷонбозиҳо намуд. Соли 1945– ум аз ҷанг ба Ватан баргашт. Дар ҷанг маҷрўҳ гардида буд. Ба ў маҷрўҳи гурўҳи якумро лоиқ донистанд. Соли 1982 ин марди зиндаёд олами фониро падруд гуфт. Дар се садякӣ замини падар Исмоил Қосимов оила бунёд карду соҳиби фарзандону наберагони зиёд гашт. «Чароғи хонаи падарро фурўзон дор»,- панд додаанд бузургон. Исмоил қарзи фарзандии худро ба ҷой овард. Солҳои Шўравӣ ин марди меҳнат ба сифати назоратчӣ ва ронанда дар «Интертранс» - ташкилоти интернатсионалӣ ифои вазифа намуд. Борҳо дар сафарҳои хизматӣ вобаста ба талабот сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро убур мекард.Ў панҷ навъи иҷозатномаи рондани автомашинаро дошт, ки чунин ронандаҳо ангуштшумор буданд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фирорӣ шуд. Ба ватани бобоӣ-Фарғона рафт. Азоби зиёдеро пушти сар намуд. Бо барқарор гардидани сулҳу субот дар ҷомеа боз ба шаҳри Қўрғонтеппа(имрўза Бохтар) баргашт. Шамъи хонаи падарро аз нав фурўзон кард. Ба маънои том ин инсони комил содиқона ба халқу меҳани азизаш хизмат кард.

Соли 2000 – ум бо маслиҳати устодону дўстон пурра ба занбўри асалпарварӣ гузашт. Аз устодаш Убайдулло нозукиҳои касби занбўриасалпарвариро омўхт. Зина ба зина бо меҳнати фидокорона занбўрпарвари номӣ гардид. Аз як оилаи занбўри асал, ки дар дарахти азими назди хонаашон нишаста буд, имрўз оилаҳои занбўри асалро ба 100 адад расонид. Албатта, ин ба осонӣ ба даст наомадааст. Оилааш Файзинисо Қосимова ва фарзандонаш ҳамдаму ҳамнафаси ў буданд.

- Занбўри асал ҳавои тоза, бўи хуш, тозагӣ ва покиро дўст медорад. Занбўрпарвар, пеш аз ҳама бояд одами пок бошад, дилу нияти нек дошта бошад, меҳру муҳаббат ва самимият ба ин касб доштан ўро дар ин ҷода пирўзу сарбаланд мегардонад,- андеша меронад занбўрпарвари асил Исмоил Қосимов.

Оилаи Исмоил Қосимов дар шаҳри Бохтар ва берун аз он ҳамчун оилаи занбўриасалпарвар обрў ва мақоми хосаро доро мебошад. Акаи Исмоил бошад, иштирокчии чандин намоишгоҳҳои сатҳи вилояту ҷумҳурист. Ў дар намоишгоҳҳои сатҳи баланд борҳо ғолибият ба даст дароварда бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва пулӣ сарфароз гардонида шудааст. Меҳнати вазнину сангинаш барабас нарафтааст. Ўро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати кишоварзӣ, Агентии Тоҷикстандарт борҳо бо ифтихорнома ва мукофотҳои гуногун қадршиносӣ намуданд.

Боз гардидани дари дилҳо миёни ду давлати ҳамсоя ва ду миллати дўсту бародар – тоҷику ўзбек ба рушди иқтисодиву фарҳангӣ, равобиту ҳамкориҳои самарабахш заминаи воқеӣ фароҳам овард. Дар ин замина моҳи октябри соли 2017 бо дастгирии ҳарду ҷониб намоиши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар Ўзбекистон ва Ўзбекистон дар Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи соҳибкорон, корхона ва ширкатҳои истеҳсолии тарафайн баргузор шуд. Исмоил Қосимов бо асали истеҳсолкардаи худ муаррифгари Тоҷикистон буд. Зимни боздид аз намоишгоҳ вазири кишоварзии Ўзбекистон баъди чашидани асали тоҷик ин ибораро ба забон овард: - «Вот это мёд» (ана ин асал аст).

- Натиҷаи заҳмат ва фидокории чунин мардони меҳнат мебошад, ки имрўз дар вилоят шумораи оилаҳои занбўри асал беш ба 62 ҳазор оила расонида шуд. Банда бо Исмоил Қосимов борҳо дар намоишгоҳҳои сатҳи баланд ширкат варзидаем ва ҳунари ўро на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам эҳтирому эътироф мекунанд, - бо нигоҳи гарм ва як самимияту муҳаббат ба Исмоил Қосимов ибрози назар намуд  Маҳмадюсуф Бегмуродов-раиси Ассосиатсияи занбўри асалпарварони вилояти Хатлон.

Ба андешаи Исмоил Қосимов занбўр 40 рўз умр мебинад. Дар як шабонарўз 2 ҳазор занбўр нобуд шуда, 2 ҳазори дигар тавлид мегардад. Занбўр панҷ чашму ду меъда дорад. Дар оила гурўҳҳои бинокорӣ, ҷустуҷўӣ, санитарӣ – тозагӣ амал мекунанд. Гурўҳи посбонон ҳаворо тоза карда, занбўри ифлосро ба лона роҳ намедиҳад. Гурўҳе ҳаст, ки дар фазои кушод бордор мекунаду худ мемирад. Занбўр дар 35 дараҷа хунукӣ тоқат дошта, занбўри корӣ бошад ҳамагӣ 40 - 45 рўз умр мебинад, ки кори ин гурўҳ танҳо асал истеҳсол кардан аст.

Ин марди некдил оилаи хубу фарзандони накуном дорад. Ҳамсараш Файзинисо Қосимова нозукиҳои занбўри асалпарвариро аз шавҳараш омўхтааст. Ў дар симои шавҳараш як инсони заминӣ, ҳалиму хоксор ва дидадароро арзёбӣ дошт. Дар ин ҷода ўро устоди худ меҳисобад ва аз зиндагии беш аз 50 сола, ки онҳоро соҳиби шаш нафар фарзандон гардонидааст, Худованди бузургро шукргузоранд.

Дар самти парвариши занбўри асал Исмоил Қосимов ҳунари худро ба беш аз 50 нафар шогирдонаш омўзонидааст, ки имрўз ҳар кадоме аз панҷ то 40 оилаи занбўри асалро парвариш карда истодаанд. Асали истеҳсолкардаи занбўрпарвари номӣ ва шогирдони ў имрўз дастархони мардум ва бозорҳои истеъмолиро бою ғанӣ мегардонад.

Дар баробари ҳунари занбўриасалпарварӣ Исмоил Қосимов ҳунари тайёр ва омода кардани санги мармарро дорад. Тарошидан, ороиш ва кандакорӣ барои муҷассамаҳо ва гузоштани санги болои қабр маҳсули дасти ин ҳунарманди чирадаст ва шогирдони ў дар ин ҷода мебошад.

Бузургмарде барҳақ панд додааст:

Ҳунар беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,

Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.

Исмоил Қосимов марди соҳибҳунар аст. Аз пушти ҳунар рисқу рўзии оиларо муҳайё месозад. Мехоҳад шумораи оилаҳои занбўри асалро ба беш аз 200 адад расонад. Аммо дар як ҳавлии хурди се садякии аз падараш меросмонда ин амалро иҷро карда наметавонад. Умед дорад, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ў дар ин кори нек дасти мадад дароз менамояд ва ў занбўриасалпарвариро рушд медиҳад.

Шералӣ САИД

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019