"ФУРЎҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР БОХТАР ШУРУЪ ШУД
Имрӯз, 15 июл, дар шаҳри Бохтар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "ФУРУҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" шуруъ гардид.
Дар ин бора хабарнигори «САФО» аз раванди озмун, ки дар "Кохи Ватан"-и шаҳри Бохтар бо иштироки даҳҳо нафар довталабони сину соли гуногун, баргузор гардида истодааст, хабар медиҳад.
Тавре муовини раиси шаҳр Бохтар Шоиста Абдуназарзода дар маросими ифтитоҳи ин озмун иброз намуд, имсол теъдоди зиёди довталабон барои донишсанҷӣ омадаанд, ки ин падидаи нек буда, аз маҳбубияти озмуни "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ, КИТОБ АСТ" миёни сокинони шаҳри Бохтар дарак медиҳад.
- Шоҳҷоизаи озмунро раиси шаҳри Бохтар ба андозаи 3000 сомонӣ муқаррар намудааст.- таъкид дошт мувоини раиси шаҳр.
Кумитаи тадорукоти озмун мегӯяд, барои шафоф ва дар сатҳи баланд баргузор шудани ин озмун ба ҳайати ҳакамон нафарони соҳибтаҷрибаву донишмандро шомил намудаанд, то ба маҳорату донишмандии иштирокчиён аз рӯи 5 наминатсия баҳогузории одилона намоянд.
Иштирок дар озмун озод буда, барои дар сатҳи баланд доир гардидани ин озмун масъулин шароитро пурра фароҳам кардаанд.
Гуфта мешавад, ки озмун 2 рӯз идома карда, рӯзи сеюм маросими ҷамъбасти озмун ва қадршиносии ғолибон сурат хоҳад гирифт.
А. ФАЙЗ (Аксҳо аз Т. Соҳибназар)