ВАКИЛОНИ ХАТЛОНӢ АЗ САЙЁҲАТИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ БАРГАШТАНД
Шурӯъ аз 4– уми июли соли ҷорӣ дар асоси ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иқдоми кумитаҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии ҲХДТ ва мусоидати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон вакилони хоҳишманди маҷлисҳои вакилони халқи минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон ба сайёҳати таҷрибаомӯзӣ ба шаҳри Душанбе сафарбар гардида буданд.
Иқдоми мазкур бори аввал дар сатҳи вилоят бо ташаббуси аксияи ҳизбии “Сайри Ватан мекунем” роҳандозӣ гардида, то 16 – уми август давом хоҳад кард.
Бино ба иттилои муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло ин ташаббус ба хотири рушд додани сайёҳии дохилӣ, ошно шудан бо мавзеъҳои таърихӣ ва тақвият ёфтани дӯстию ҳамкорӣ миёнаи вакилони ҳама шаҳру навоҳии вилоят ба роҳ монда шудааст.
Ба қавли масъули ширкати сайёҳии ватании “Бунёд – Тур” Суҳроб Қурбонов вакилон шиносоӣ ва омӯзишро аз хиёбони марказии шаҳри Душанбе, ки номи устод Рӯдакиро дорад, оғоз карда, пасон аз майдони Дӯстӣ, маҷмааи Исмоили Сомонӣ, боғи устод Рӯдакӣ, Қасри миллат, майдони Парчами давлатӣ, боғи фароғатии ба номи Умари Хайём, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, “Наврӯзгоҳ”, Кохи Наврӯз, майдони “Душанбе – Плаза” ва боғи Ирам дидан карданд.
Чанде аз вакилони мардумӣ зимни суҳбат аз роҳандозӣ шудани чунин як ташаббуси наҷиб қаноатмандӣ намуданд.
Сулаймон Султонов