Бойгонӣ

РАҚИБОНИ ДАВРИ 8-УМ МУАЙЯН ШУДАНД


Даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзҳои 4 - 5 июли соли равон оғоз мегардад.

Тавре марказии матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон хабар доданд, дар рӯзи аввали мусобиқа дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб дастаи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ дастаи “Истиқлол” – ро қабул мекунад. Дастаи дигари вилоят – “Хатлон”-и шаҳри Бохтар рӯзи 5 июли соли ҷорӣ бо тими “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрӣ анҷом медиҳад.

 Тибқи тақвим бозии дастаҳои мазкур соати 15:30 оғоз мегардад.

 Дастаҳои дар даври 8-ум ба тартиби зайл бозӣ анҷом медиҳанд:

«Файзканд» – «Истиқлол»

«Локомотив-Помир» – «Хуҷанд»

«Душанбе-83» – «Истаравшан»


5 июл, оғози бозиҳо соати 17:30

КМВА – «Регар-ТадАЗ»

«Хатлон» – «Кӯктош»

А. ҶАҲОНГИР  «САФО»

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019