ФУТБОЛИ ХАТЛОН. ОҒОЗИ ЛИГАИ II-ЮМ - 6 ИЮЛ
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол барои дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон 6 июл оғоз мегардад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон ба хабарнигори «САФО» хабар доданд.
Бино ба иттилоъи манбаъ маросими қуръакашӣ оид ба баргузории мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ва намояндагони 14 дастаи лигаи дуюм баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки Исроил Шарипов - муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон зимни қуръакашӣ таъкид доштааст, ки рақобати миёни дастаҳо бояд дар сатҳи хуби омодагӣ баргузор гарданд.
«Тамоми қоидаҳои беҳдошӣ, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ҳангоми вохӯриҳои дастаҳо риоя карда шавад»- таъкид доштааст Исроил Шарипов.
Дар идомаи қуръакашӣ таъкид шудааст, ки мутобиқ ба дастури раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода аз сабаби пандемия ва ба буҳрони молияви рӯ ба рӯ шудани дастаҳои довталаб чемпионати имсола бе пардохти ҳаққи аъзогию дархостӣ гузаронида мешавад.
Аз рафти бозиҳо тариқи шабакаҳои маҳаллии ТВ гузоришҳо таҳия хоҳанд гашт.
Тақвими бозиҳо рўзи 4-июл ба дасти масъулини дастаҳо ва ҳаводорон хоҳад расид.
А. ҶАҲОНГИР