ШАРОФАТИ МЕҲРОВАР
Адибони хатлонӣ
Мо ӯро Шарофати меҳровар мегӯем. Шояд бисёриҳо гумон кунанд, ки ба хотири сармуҳаррири маҷаллаи «Меҳровар» будани Шарофат чунин мегӯем. Аммо ин тавр нест. Шарофат занест, ки сиришташ аз меҳру муҳаббат саршор буда, дӯстияш самимию холисона ва худаш дур аз ҳар гуна кибру ғурур.
Зани хоксору меҳнатӣ, оромтабиату ботамкин аст. Аммо ин маънии онро надорад, ки бо ҳама чиз бефарқ буда, розисту ҳама чизро қабул дорад. Гоҳо моломоли андешаҳо дилаш туғён мекунаду мавҷпораҳоро ҳар сӯ мепартояд. Яъне, туғёни қалби поки ин бонуи равшанзамир рӯи сафҳа меояд ва хомааш рангомезиҳо мекунад. Саодати зиндагиашро бо як ҷаҳон ҳисси ватандорию ватанпарастӣ ифшо месозад:
Зи обрӯву номи ту,
Ҳамеша бо саодатам.
Ту ки пур аз шарофатӣ,
Манам яке Шарофатам.
Шарофат фаъолияти меҳнатиро баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе оғоз намуда, дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» имрӯза «Ҷумҳурият», сипас дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ва «Комсомоли Тоҷикистон» идома додааст. Замоне аз Душанбе ба шаҳри Қӯрғонтеппаи ҷангзада, имрӯза Бохтар, айёми нооромиҳои кишвар куч баст. Дунболи рӯзгору оиладорӣ чанд муддат натавонист чакидаҳои хомаашро нашр намояд. Маҷмӯаи бачагонааш бо номи «Дасти модар» таи даҳ сол дар нашриёти «Адиб» монд. Танҳо бо дастгирии грантҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмӯа рӯӣ чопро дид. Шарофат ба тарбияи фарзандон машғул буду ҳамзамон дар радиои вилоят фаъолият менамуд. Бо вуҷуди ташвишҳои зиёд лаҳзае аз эҷод фориғ нагашт.
Маҷмӯаи «Лолаи орзу»- яшро варақ мезанам. Шоира Шаҳрия дар пешгуфтори китоб менависад «Шарофат лаҳзае аз шеър ҷудо набудааст. Яке аз вижагиҳои шоирии Шарофат он аст, ки ҳеҷ гоҳ ба ашъори шоирони дигар тақлид намекунад, ҳар он чи ки менависад, садои дили ӯст, садое, ки оромаш намегузорад, то рӯйи дафтар нарезадаш».
Дунёи Шарофат пур аз розу ниёзест, ки дар ҷое то ҳол сабт нагашта. Махсусан фаъолияти ӯ дар зинаҳои роҳбарӣ ҳамчун хизматчии давлатӣ, ки таи 23 сол буд, шоистаи ибрат аст. Ин зани эҷодкор роҳи пуршебу фарозеро тай намудааст, аммо иртиботаш бо адабиёту қалам ҳеҷ гоҳ нагусаста. Ҳукми тақдир буд, ки дар ин шаҳри пурҳаводис (собиқ Қӯрғонтеппа), айёми даргириҳои шаҳрвандӣ чун як шаҳрванди кишвар ҳамдаму ҳамнафаси занону модарони ғамзадаи тоҷик гашт. Ҳамеша аз занону модарон пуштибонӣ намуда, ба қадри имкон дасти кумак дароз мекард.
Солҳои 1993-1994 сармуҳаррири барномаи «Меҳрафрӯз» барои бонувон дар радиои вилоят ва баъдтар мутахассиси пешбари кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ифои вазифа намудааст. Ҳамзамон раиси Бунёди забони тоҷикӣро низ ба уҳда дошт. Ҳамчун раиси Бунёди забони вилоят бо мушкилоти зиёд маҷмӯаи таълимии яке аз занони соҳибэҳтироми вилоят Латофат Сироҷоваро бо номи «Се ғаввоси баҳри маонӣ» чоп намуд.
Дар ҳоле, ки кишвар дар буҳрони шадиди иқтисодӣ қарор дошт, ӯ ба ҷамъоварӣ ва таҳияи мақолаҳои рӯзноманигори шаҳидгашта Шарифамоҳи Кишвардӯхт машғул буд. Бо саъю кӯшиш ва талошҳои зиёд маҷмӯаи ин рӯзноманигорро бо номи «Авроқи парешон» ба чоп омода намуд. Ҳамчун мутахассиси кор бо занон ӯро барои идомаи фаъолият ба кӯҳистони Балҷувон даъват мекунанд. Маҷмӯаи дастаҷамъӣ бо номи «Шукуфаҳои Балҷувон»-ро, ки иборат аз шеърҳои эҷоднамудаи занону бонувони кӯҳистон буд, чоп менамояд.
Дар ин ҷо ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ва баъдтар раиси Ҷамоати деҳоти Саталмуш фаъолият дошт. Албатта, кор дар кӯҳистон чандон осон набуд. Вале Шарофат, ки худ зани мушкилписанд аст, ба зудӣ бо мардум унс гирифту соҳиби иззату икром гашт. Гоҳ пои пиёда, гоҳ савора деҳа ба деҳа мегаш, то ба мушкилоти мардум расидагӣ намояд. Ҳангоми тамошои аксҳои Шарофат диққати маро акси ӯ, ки болои асп буд, ҷалб намуд.
-Аспсаворӣ ҳам мекардам. Роҳи байни деҳаҳо хеле дур ва баъзан роҳи мошингард надоштанд. Ҳамчун раиси ҷамоат баҳри ҳалли мушкилот ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ аспсавор ба деҳаҳо мерафтам. Барои ман асперо оварданд, ки ҷавону ҳам кам саворӣ карда буданд. Бо вуҷуди он, ки пештар аз ин ҳеҷ гоҳ аспсаворӣ накарда будам, ин « пеша»-ро ҳам ба осонӣ омӯхтам. Ҷилав дар дастам, кадом тараф кашам ҳамон тараф мерафт…
- Аммо харсаворӣ осон нест,- механдад вай ва қиссаи бо хар бурдани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, китобҳои хоҷагӣ ва ғайраро бо пайроҳаи кӯҳӣ ба як деҳаи дурдастро нақл кард. Ҳарду хеле хандидем. Ин лаҳзаҳо дар симояш як зани тоҷики ҷасуру ғаюрро дидам, ки барои иҷрои рисолат чи гуна садоқат дораду фидоист.
Шарофат дар кадом вазифа ё тақдир ӯро ба куҷое набурд, бо вуҷуди ташвишҳои зиёд, лаҳзае аз эҷод боз намонд. Ошкору пинҳон дар вақтҳои фориғ аз ҳаводис шеър мегуфт, суханпардозӣ мекард. Чунончӣ ҷое мегӯяд:
Дарди дили ман ҷо шуда дар ҷони сухан,
Хонам ҳама дам ғазал зи девони сухан.
Ҳар вожаи ӯ ба риштаи ҷон бикашам,
Бар гардани худ хушаи марҷони сухан.
Тавре ишора кардем, Шарофат хеле барвақт аз овони наврасӣ шеър мегуфт. Нахустин шеъраш дар маҷаллаи «Машъал» ва рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» нашр гардида буд. Маҷмӯаи шеърҳои бачагонааш бо номи «Дасти модар», «Модараш мепазад нон» ва маҷмӯаи шеърҳо бо номи «Лолаи орзу», «Рубоиёт» ва маҷмӯаи мақола ва очеркҳояш бо номи «Эҳтиром ва садоқат» нашр гардидаанд.
Кору пайкори анқариб 40 солааш ба ниҳодҳои марбут бо занону бонувон пайвастагии ногусастанӣ дорад. Дар ин давра дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуд. Ҳар ҷо корро бо дасту дили пок шуруъ карду сарбаландона аз уҳдааш баромад. Хоксорию таҳаммул хоси уст. Борҳо шоҳиди он будам, ки зимни таъсиси гуруҳои корӣ ӯро ба дурдасттарин деҳаҳо мефиристанд. Аммо ӯ на аз роҳи дур, на аз гармою сармо шикоят надорад, меравад, супоришро иҷро карда бармегардад. Шикояту нолиданро аз ноуҳдабароӣ медонад. Зимни мутолиаи эҷодиёташ асрори нуҳуфтаеро дар қалби ӯ эҳсос намудам, ки ҳамсони табиату хислати худи ӯст. Мисли шамъ афрӯхтан кори на ҳар зан аст. Зиндагии ибратбахши ӯ мисли шамъе аст дар шаби тор.
Эй чарх магӯ, ки мо ҷигарсӯхтаем,
Мо дарси муҳаббат зи ту омӯхтаем.
Дар пайравии ситораҳоят мо ҳам,
Худро ба мисоли шамъ афрӯхтаем.
Чунин занон кору пайкорашон шоистаи пайравию ибрати ҷавонон аст. Қалби ӯ саршори меҳру садоқат ба обу хоки Тоҷикистони азиз буда бо як ҳарорати гарму самимӣ мегӯяд:
Напурседам куҷоиам,
Напурседам дигар аз ному унвонам.
Надорам ҳеҷ унвоне, надорам ҳеҷ девоне,
Маро бошад ҳама унвону девон Тоҷикистонам.
Имрӯз ба ҳайси сардабири маҷаллаи «Меҳровар»- нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолият дорад. Кӯшиш мекунад, ки беҳтарин чеҳраҳои Хатлонро аз ҳисоби бонувон, ки кору пайкорашон боиси пайравию ибрат ва шоистаи таҳсин аст, муаррифӣ намояд.
Л. МИРЗО