ҶОМӢ. ТАВАҶҶУҲ БА МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН
Ба шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар 5 моҳи соли равон 1413 аризаҳои хаттӣ ва 314 муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ворид гардидааст.
Тавре ба «САФО» мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Хатича Абдуллоева иброз кард, аз ҷамъи умумии аризаҳои хаттие, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба шуъба ворид гаштаанд, 900 ададаш аз рӯи тобеият ирсол карда шуда, 513 адад дар баррасӣ буда, 220 ададаш фаҳмонида дода шуд. Ҳамчунин 180 ададаш қонеъ карда шуда, 113 адади дигараш таҳти баррасӣ қарор доранд.
- Давоми панҷ моҳи соли равон, дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон, ба унвонии раиси ноҳия, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия 602 муроҷиати шифоҳӣ ворид шудааст, ки аз ин шумора 319 ададаш қаноатбахш карда шуда, 283 адади дигараш фаҳмонида дода шуд. Муҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро асосан оид ба таъмини қитъаи замин, масъалаҳои манзил, раванди соҳибкорӣ, қарзи бонкӣ ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд, - гуфт манбаъ.
Гуфта мешавад, ки тибқи нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъалаи ҳолат ва тадбирҳои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва Тартиби коргузорӣ ва ба ҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2017, №276 тасдиқ шудааст, дар шуъбаву идораҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия мунтазам санҷида шуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ба онҳо ёрии амалӣ расонида мешавад.
Аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаву идораҳо, раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарияти ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо новобаста аз шакли моликият ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли муроҷиат, арзу шикоят ва таклифу пешниҳодҳои аҳолии ноҳия қабули шаҳрвандон рӯзҳои чоршанбе ва шанбеи ҳар ҳафта ба роҳ монда шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ