САҲМИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС
Дар асоси Меморандуми Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ғайридавлатии КАРИТАС-и Швейтсария бо мақсади пешгирии бемории коронавирус (COVID – 2019) ба беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон лавозимоти тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ дастрас карда шуд.
Муродҷон Муйдинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки 11 – уми майи соли равон ба беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов ва Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар ба миқдори 1560 адад собуни моеъ, 2800 адад ниқоби тиббӣ, 1160 килограмм хокаи хлор дастрас гардид.
Номбурда афзуд, ки дар маҷмӯъ дар асоси ин меморандум ба беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Хатлон 16 ҳазору 500 адад собуни моеъ (5 литра), 3 ҳазор собуни моеъ (400 мл) 14 ҳазор ниқоби тиббӣ, 6911 адад маводи антисептикӣ ва 15 тонна хокаи хлор тақсим карда шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ