ХУРОСОН. ЗАРАРИ ОФАТИ ТАБИӢ МУАЙЯН ГАРДИД
Хисороти бар асари офати табиии санаи 14-16 майи соли 2020 ба мардуми баъзе аз деҳаҳои ноҳияи Хуросон расида муайян карда шуд.
Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода зимни боздиди Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Қурбон Ҳакимзода аз маҳали ҳодиса гуфтааст, бар асари офати табиӣ дар деҳаҳои Хуросон, Истиқлол, ба номи Н. Асадулло, Ҳалқаҷар, 18-ум анҷумани ҳизб ва Пахтаобод 37 манзили истиқоматии шаҳрвандон пурра ва ба 282 манзили дигар қисман зарар расида, қариб 80 гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, 9,7 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ, 2,5 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ ва 11,36 гектар заминҳои президентӣ, 80 сар чорвои хурд ва 12 сар чорвои калон зери селоба мондаанд.
Раҳматулло Сафарзода-раиси ноҳияи Хуросон иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи аз ҳудуди васеи дараҳо ба канали шохаи рост дар деҳаи Пахтаобод ворид гардидани селоба се қисмати ин канал дар масофаи 35 метр рахна шуда, пикети №659 ба масофаи 240 метр вайрон ва ба ҷарии 40-50-метра фурӯ рафтааст, ки обёрии майдони 2600 гектар заминҳои хоҷагиҳо ва наздиҳавлигӣ ғайриимкон гардидааст.
Селобаи калон ба минтақаҳои поёнӣ ҷорӣ шуда, инфрасохтори деҳаҳои Хуросон, Истиқлол, ба номи Н. Асадулло, Ҳалқаҷар ва 18-ум анҷумани ҳизбро хароб намудаанд. Қисми зиёди роҳи маҳаллӣ дар деҳаи Пахтаобод вайрон шудааст.
Ф. Абубакр