Бойгонӣ

ЗИЁДА АЗ 5 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID-2019) дар вилояти Хатлон 5 миллиону 358 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. 


Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, маблағи мазкур дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонбарои чорабиниҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории короновирус пешбинӣ шудааст.
 

Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар вилоят кушода шудааст, маоши якмоҳаи худро гузаронид.
 

Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дастгоҳи раиси вилоят низ ҷиҳати мубориза бар зидди ин вабои фарогир ҳамбастагӣ эълон намуда, тасмим гирифтанд, ки баҳри саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза алайҳи он як қисми маоши худро ҳамчун кӯмак ба ин суратҳисоб интиқол диҳанд.
                                                    

                                               Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019