БАЛАНДИЕ БАЛАНД АЗ МАСНАДИ ОМӮЗГОРӢ НЕСТ
Раҷабалӣ ҶАЛИЛОВ - омӯзгори фанни забони русӣ ва устоди варзиш, сокини Ҷамоати деҳоти „Ғайрат“-и ноҳияи Фархор қариб 40 сол мешавад, ки дар тарбияи насли ояндасози миллат ҳиссагузор мебошад. Ин марди хоксору ботамкин, ки Худованди бузург беҳтарин фазилатҳои инсониро насибаш гардонидааст, бо кору пайкори худ дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст.
Ӯ соли 1978 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6–и Ҷамоати деҳоти „Ғайрат“-ро бо баҳои аъло хатм карда, донишҷӯи факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид. Аз соли 1983 то имрӯз ба ҳайси омӯзгори фанни забону адабиёти рус дар дабистони зодгоҳаш фаъолият дорад. Ҳамдиёронаш ӯро чун омӯзгори некном ва устоди варзиш оид ба якҳарбаи шарқӣ „НЮ - фулл - контакт“ ва „каратэ“ мешиносанд.
- Мисли ӯ шахсиятҳои соҳибэҳтиром дар миёни мардум ангуштшуморанд, ки ҳама ҳастии худро ба кори таълиму тарбия бахшида бошад. Дар раҳи таълиму тарбия ӯ шогирдонро чун фарзандони худ дӯст медорад, аммо дар масъалаи тарбия ниҳоят ҷиддӣ аст, - мегӯяд сармуҳаррири рӯзномаи „Гулистон“-и ноҳияи Фархор Маҷидзода Абдулҳамид.
Зимни суҳбат бо Раҷабалӣ ҶАЛИЛОВ панди бузургон ба хотир меояд:
Агар дар дилат меҳри устод нест,
Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.
Устод дар посух ба ҳар суоли мо нахуст андешида, сипас, ботамкин сухан мегуфт.
- Рисолати муаллим ватандорист. Ҳисси ифтихори миллӣ ва нигоҳи ватандории омӯзгор пешрафту ободии ҷомеаро таъмин мекунад, зеро имрӯзу фардои Ватан бар дӯши насли ҷавону ояндасози миллат аст, ки сабақи асосиро аз муаллим мегиранд,- мегӯяд Р. ҶАЛИЛОВ
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад гуфтаанд. Бо ҳама меҳру муҳаббати бепоёнаш ба кори таълиму тарбия тайи солҳои 1998 - 2009-ум тарки касб намуда, дар корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ „Зиёратшо“ ба кор даромад. Тавре худ иқрор меояд, аз мактабу маориф ба канор рафтан барояш ниҳоят мушкил буд. - Зарурати зиндагӣ водорам кард ва ё дастгирии соҳибкорони ватанӣ дилгармиям бахшид, ки муддате ба дигар корҳо машғул шудам. Вале оқибат боз рӯ ҷониби мактаб овардам, зеро хулоса бароварда будам, ки ба ҷуз пешаи омӯзгорӣ дигар коре ба дардам намехӯрад,- мегӯяд устод.
Ӯ ифтихор аз он дорад, ки тӯли солҳои омӯзгорӣ беҳтарин шогирдонаш дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ мақоми сазоворро ишғол кардаанд. Шогирдони варзишгараш бошанд, дар мусобиқоти сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, 295 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ оварданд.
Акнун фурсати он расида, ки аз сухан ба амал гузарем. Муаллими одиеро, ки ҷонфидоёна заҳмат мекашад, шогирдони арзанда ба камол мерасонад, амалан дастгирӣ бояд намоем. Ба қавли ҳампешагонаш Раҷабалӣ ҶАЛИЛОВ ба ҳама унвону қадрдониҳо сазовор аст, вале то ҳол нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон надорад.
Устод Раҷабалӣ ҶАЛИЛОВ ҳама пешравиҳои корашро аз баракати истиқлолият, ваҳдату ягонагии миллат, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ медорад. „Воқеан, мо дар як мулки биҳиштосо зиндагӣ дорем, ки ҷаҳониён орзуи чунин ватан доштанро мекунанд. Пас, ба қадри обу хоки ин сарзамин, ба қадри давлату миллат расидан зарур аст“,- талқин менамояд ин марди худогоҳу ватандор.
Раҷабалӣ ҶАЛИЛОВ ҳамзамон шоир, узви фаъоли Хонаи адибони ноҳияи Фархор аст. Дар ин ҷо адибони фархорӣ бо сарварии устоди сухан Бурҳониддин Усмонов шоирони ҷавон, навҷӯю эҷодкорони асилро ба камол мерасонанд, ки аксаран соҳибкитобанд. Устод Раҷабалӣ ҶАЛИЛОВ низ китобҳои „Бо роҳи модар“ ва „Ангезаҳои ишқ“-ро ба чоп расонидааст.
Як паҳлуи зиндагиномаи омӯзгор Раҷабалӣ ҶАЛИЛОВ-ро тарбияи варзишгарони парчамбардори миллат ташкил медиҳад. Шогирди муаллим Шукрулло Шамсов чемпиони чоркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ оид ба намуди варзиши „муайтай“ буда, соҳиби 32 медали тилло мебошад, ки аз ин чор медали тиллоро аз мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ ва дигар медалҳоро аз мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриву вилоятӣ ба даст овардааст. Миёни шогирдони устод чунин парчамбардорон кам нестанд. Танҳо барои машқу тамрини онҳо шароити арзанда, бозгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир лозим аст, зеро устод ва шогирдони ӯ содиқона хизмат кардаанд ва ба ҳама гуна қадршиносиҳо сазоворанд.
Муаллим, эҷодкор, варзишгар Раҷабалӣ ҶАЛИЛОВ ҳамсари меҳрубону фарзандони солеҳ ва хонаи обод дорад. Зиндагии шоистаро барои аҳли оила сарбаландона, бо меҳнати ҳалол, аз нӯги қалам, аз машқу тамрини пайваста, аз муҳаббату садоқат ба халқу меҳан ба даст овардааст. Дар ҳамин рӯҳия фарзандони худро ба камол расонидааст.
Тавре устод Муҳаммад Ғоиб фармудааст:
Қадрдониҳои баъди марг ҷосусӣ бувад,
Ҳиммати Маҳмуд бар Фирдавсии Тусӣ бувад.
Хурсанду мамнун аст, ки ҳамдиёронаш ба қадри заҳмату шабзиндадориҳояш мерасанд. Зиндагиномаи устоди арҷманд Раҷабалӣ ҶАЛИЛОВ сабақи ибратомӯзест барои наслҳои имрӯзу фардо. Месазад, ки таҷрибаи ӯро мавриди омӯзиш қарор дода, дар дигар дабистонҳо низ шогирдони арзанда, парчамбардорони миллат ба камол расанд, то дар арсаи ҷаҳон миллатро муаррифӣ намоянд.