Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
21 июл 17:32АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Маориф / Иҷтимоъ / Маърифат ва тандурустӣ / Иқтисод / Маслиҳати муфид
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи контенгенти умумӣ ба андозаи 101,3 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 100 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 1325,0 миллион сомонии нақшаи пешбинишуда, 1328,0 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Ин нишондод нисбат ба нақша 3 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 423 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин хусус сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аъзамҷон Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андозҳо ва пардохтҳои маҳаллиро шаҳри Левакант аз ҳисоби андозҳои умумидавлатӣ 14 фоиз ба маблағи 6,7 миллион сомонӣ, аз ҳисоби даромадҳои маҳаллӣ 11 фоиз ба маблағи 4,6 миллион сомонӣ ва ноҳияи Ёвон аз ҳисоби андозҳои умумидавлатӣ 16 фоиз ба маблағи 39 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби даромадҳои маҳаллӣ 2 фоиз ба маблағи 2,8 миллион сомонӣ таъмин карда натавонистанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ 1982,3 миллион сомонӣ ё ин ки 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст.
-Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ, дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят қарздорӣ аз музди маош ба қайд гирифта нашудааст, - гуфт А. Чиллазода.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



