Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 июл 12:34АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Баъди тай намудани масофаи беш аз 11 ҳазор километр, рӯзи 24 июли соли равон ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар расид.
Ҳайати мазкурро раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ва дигар масъулон дар назди Қасри фарҳанг ва маркази иттилоттии шаҳр бо тантана истиқбол намуданд.

Сараввал меҳмонон дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гулчанбар гузошта, баъдан аз Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии «Авасто»-и вилояти Хатлон дидан карданд.

Баъди боздид аз осорхона иштирокчиёни экспедитсияро масъулони ҳукумати шаҳр ба назди гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ бурда, аз ин мавзеъи истироҳатӣ ва муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ дидан карданд.

Сипас шоми базму тараб дар майдони Теппаи Қӯрғонтеппаи шаҳри Бохтар, бо иштироки беҳтарин санъаткорон баргузор гашт. Ҳамзамон меҳмонон дар саҳни тарабхонаи “Эҳсон”-и шаҳр аз намоиши маҳсулоти кишоварзию ҳунармандӣ дидан карда, то дергоҳ дар ин тарабхона рақсу сурудхонӣ намуданд.

Сафари экспедитсияи мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо






