Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
-Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми шаш моҳи аввали соли равон 18 иншооти соҳаи варзиш ба маблағи 7 миллиону 335 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода.
Ӯ афзуд, ки феълан дар 87 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, марҳила ба марҳила ба истифода дода мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки варзишгарони вилояти Хатлон дар ин давра дар 60 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 380 медали тилло, 426 медали нуқра ва 522 медали биринҷӣ гардиданд, ки дар маҷмуъ 1328 медал мебошад. Ҳамзамон варзишгарони хатлонӣ дар 19 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, 44 медали тилло, 30 медали нуқра ва 34 медали биринҷӣ, дар умум 108 медал ба даст оварданд.
Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ варзишгарони вилояти Хатлон аз 79 мусобиқа ва чемпионати ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дар умум 424 медали тилло, 456 медали нуқра, 556 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 1436 медал ба даст оварданд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 118 медал зиёд мебошад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



