Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ иброз кард, ки неруи азими зеҳние, ки дар донишгоҳ фаъолият менамоянд, барои ҷумҳурӣ ҳазорон нафар мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни илму маърифат ба воя расонидааст, ки онҳо дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.
Номбурда гуфт, ки феълан дар 45 кафедраи донишгоҳ 621 нафар омӯзгор, аз ҷумла 21 нафар профессорони доимӣ, 205 нафар номзадҳои илму дотсентон, 395 нафар саромӯзгор, омӯзгорон ва ассистентон барои пешбурди фаъолияти илмӣ таҳқиқотӣ ҷалб гардидаанд. Айни замон ҳиссаи омӯзгорони унвондор 36,3 фоизро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ 369 нафар ҷавонон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Инчунин 6 нафар ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштаанд.
Зикр гардид, ки дар партави сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон 19 нафар олимони ҷавон ва 7 нафар донишҷӯёни аълохон бо стипендияи раиси вилояти Хатлон сазовор гаштанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



