Бойгонӣ
Октябрь 2025 (10)
Сентябрь 2025 (21)
Август 2025 (40)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)

ГАНҶИ ХОМӮШЕ ДАР ЗЕРИ ПО

Хурд будем ва аксаран таътилҳоро дар хонаи бобою бибии меҳрубонамон мегузарондем. Ҳар амалу гуфтори калонсолон барои мо панди рӯз ва дарси ибрат буд. Тарбияи волидонамон ин буд, ки ҳар сухани калонсолонро бодиққат гӯш кунем ва дар хотир нигоҳ дорем. Воқеан, хонаи бобоям барои мо наврасон мактаби бузурги тарбия буд. Агар мо кору рафтори нодуруст мекардем, бобоям ё бибии меҳрубон оромона ба мо мефаҳмониданд, ки кадом рафтори мо ғайриқабул ва кадомаш хуб аст.
Як рафтори бибиҷонам то ҳоло маро ба ҳайрат меорад. Ҳар боре, ки бобоям барои ҳоҷат ё кори дигар ба берун мебаромаданд, бибиам ҳам, новобаста аз он ки дар хона буд ё интизорӣ мекашид, ҳатман ба берун баромада мерафт. Аввал медидам, вале аҳамият намедодам, зеро бибии ғамхору ягонаам ҳамаи мо – наберагонро назорат мекард, то мо, кӯдакони нозуки шаҳрии ба русто омада аз чизе наҳаросем ва дар ҷое наафтем. Вале фарқият дар синну сол байни мо ва бобоям хеле калон аст. Мо кӯдакони шӯху ҷаззобем, аммо бобоям инсони солхӯрда ва нотавонанд.
Рӯзе, аз хастагии зиёд бибиам чашмонаш пӯшида хоб мерафт. Нохост бобоям барои сайру гашт ба берун баромад. Бо садои қадамзании бобоям бибиам фавран парида хест ва ба берун шитофт, кафши бобоямро пеш гузошт.
Ҳамаи инро дида, ба бибиам суол кардам: «Бибиҷон, чаро ин қадар нооромед? Аз хоби ширин парида хестанатон чӣ маънӣ дорад? Ҳамаи корҳои рӯзгорро ба оҳистагӣ анҷом медиҳед, вале барои бобоям ин қадар мешитобед? Охир синну солатон ба 78 расидааст, мабодо наафтед?»
– Эҳ, ҷони бибӣ, дурдонаи бибӣ! Бобоят барои ман шахси муътабар аст. Солҳои тулонӣ бо ҳам будем, бароям муҳаббат, ҳаёт ва зиндагии тинҷу оромро ҳадя намуд. Ин кафшҳо рамзи қадамҳои мубораки инсоне ҳастанд, ки бо меҳнату фидокориаш як насли созанда ва давомдиҳандаи умри моро тарбия намуд. Ту медонӣ, ки чанги ин кафш ҳатто бароям арзиши баланд дорад, ҳол он ки ман онро рӯзе се-чор маротиба тоза мекунам.
Бобоят умри пурбаракатро бароям ҳадя намуд, ҳар қадамаш адолат, нангу номус, вафодорӣ, муҳаббату ҳақиқатанд. Бо ҳамсафари ҳаётам, ки дар давоми умр боре сухани дурушт нашунида будам, ифтихор мекунам. Мешитобам, ки мабодо мӯйсафедам лаҳзаи пӯшидани кафшаш пешпо нахӯрад ва сари аз фикри зиндагӣ парешонгаштааш мабодо чарх зада ба замин наафтад. Кӯшиш мекунам, ки кафшаш ҳамеша тозаю озода ва хушсурат бошад. Зеро, чӣ гуна будани зан аз кафши мард дида мешавад, – гуфт бибӣ.
– Бибиҷон, шумо ганҷина ва сарчашмаи ақлу идрок ҳастед. Агар боварам кунед, биёед то таътил ба охир расидан ман амали шуморо ба ҷо орам. Шояд ин одат бароям доимӣ гардад ва кафши волидонамро ҳамин тавр эҳтиром кунам, – аз ӯ хоҳиш кардам.
– Ба чашм, ҷони бибӣ, ту дунёи манӣ. Бидон, ҳар амали неке, ки нисбати бузургсолон анҷом медиҳӣ барои атрофиёнат намуна ва барои волидон шодист, — посух дод бибӣ.
Субҳи дигар бобоям бояд барои адои намози бомдод мехестанд. То ҷое тавонистам, пагоҳӣ аз хоб бархоста, кафши боборо тоза шуста, ба дохили хона даровардам. Пас аз бозгашташон онро дубора тоза карда, ба ҷои баланд гузоштам, то ягон нафар аз саросемагӣ аз болояш нагузарад. Ин амали ман бобоямро шод кард ва бароям дуои нек доданд. Аз эҳтирому нигоҳубини пайваста, кафши бобо дар назарам ончунон азиз гардид, ки дигар намехостам касе аз болояш гузарад.
Рӯзе меҳмоне омаду маро дар ҳолати тоза кардани пойафзоли бобоям дид. Дарҳол аз ҷоям хеста, ба ӯ салом додам. Меҳмон бо нигоҳи ҳайратомез пурсид:
– Писарам, чаро ин қадар кафши куҳнаи бобоятро тоза мекунию ба ҷои баланд мегузорӣ? Оё дар дохили он чизе арзишноке ҳаст?
– Бале, дар он ганҷи бебаҳо ниҳон аст, — ҷавоб додам.
– Чист он ганҷ, намегӯӣ?
– Ин ганҷ пойҳои дардманду афгори бобои ғамхорам аст. Пойҳое, ки барои мо садҳо роҳро тай карданд. Онҳо бароям муқаддасанд, зеро таърихи заҳмат, меҳру муҳаббати хомӯш ва шаъну шарафи як инсони бузургро дар худ доранд. Бо ҳамин кафшҳо бобоям ба дидори наздикон мераванд, лаҳзаҳои ширини кӯдакиро бароямон ҳадя мекунанд ва моро ба роҳи рост раҳнамоӣ месозанд. Намехоҳам хоки беэҳтиромӣ рӯи он нишинад.
– Э қанд зан, шери бобош! – гуфт меҳмони бобо бо лабханди пурмаъно. – Эҳтироми ту ба бобо, ба мо – мӯйсафедон неру мебахшад. Чуноне ки дарахт бе реша хушк мешавад, инсон низ бе эҳтироми калонсолон қад намекашад. Ба бобо хизмат бикун ва дуои ӯро бигир, то ин ки дар ҳаёт сабз гардӣ.
Ин суханони меҳмон мисли насиҳати хуб дар дилам нишаст. Бори дигар фаҳмидам, ки эҳтироми бузургон танҳо як амали зоҳирӣ нест, балки решаи аслии инсоният ва баракати зиндагист.
Ниҳоят, таътили тобистона ҳам ба поён расид ва падарам бояд маро ба шаҳр мебурд. Лаҳзаи рафтан дидам, ки падарам нофаҳмида нӯги кафши бобоямро бо пойафзолаш зер карда, бо бибиам аҳволпурсӣ мекард. Ин манзара диламро фишурд, ашк ба чашмонам ҳалқа зад.
Муҳаббат ба кафши бобо дар он лаҳза маро ба олами дигар бурда буд – олами эҳтиром, олами шукргузорӣ.
– Падарҷон, хоҳиш, дигар ин кафшро зер накунед... Бароям бисёр азизу муқаддас аст, – гуфтам бо овози ларзон.
Падарам бо таассуф ба ман нигаристу гуфт: – Писарам, ман сӯи модарам шитофтам, шояд саросемавор надида, зери по кардам. Чаро ашк мерезӣ?
Ман чизе нагуфтам. Фақат бо нигоҳи пурмаъно ба кафш нигаристам – ба он ганҷи хомӯш, ки шоҳиди меҳру заҳмати умри пурбаракат буд.
Охир, барои ман кафши бобо дӯсти беминнатам дар таътил буд. Бобоҷонам солҳои зиёд бо ҳамин кафшҳо барои пайдо кардани нон ба саҳро мерафт, бо ҳамин кафшҳо сари вақт ба масҷид мешитофт ва барои мо – набераҳояш дуои нек мекард. Намехостам, гарди беэҳтиромӣ рӯи он нишинад.
Рӯз то бегоҳ амалҳои бибиамро такрор мекардам: тоза нигоҳ доштан ва бо ҳамин ба он кафш меҳри беандоза пайдо кардам, меҳре, ки аз ҳадди як ашё фаротар рафта буд.
Падарам ашк рехт, ба волидонаш нигарист ва гуфт: – Тамоми вуҷудам ба ларза даромад... Ман ҳоло дарк кардам: фарзанди ман на танҳо хӯрдану нишастанро ёд гирифт. Ӯ инсоният, эҳтиром, шукргузорӣ ва муҳаббатро аз шумо – падару модари азиз, омӯхтааст.
Бинед, агар фарзанд дар муҳити солим, муҳаббат ва эҳтиром ба воя расад, мисле ки нурест равшанбахши олам. Нуре, ки гармӣ мебахшад ва зиндагиро маънӣ медиҳад.

Махфират ШОИМОВА
акс аз интернет
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019