Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАҲДАТ
(назираш бар ғазали Файзи Кошонӣ)
Дилам хоҳад ману ту лолаи рухсори ҳам бошем,
Чу ёрони биҳиштӣ шод аз дидори ҳам бошем.
Зиён бар дӯши ҳасрат такя хоҳад зад, агар умре
Ману ту такягоҳи хонаву девори ҳам бошем.
Чу гардун фурсати эҳёи давлат дод, боло шав,
Ки дар бунёди он мо тарҳи ҳам, меъмори ҳам бошем!
Уфуқҳо интизори мост, дар ин имтиҳони саъб
Пари ҳам, ёвари ҳам, фитрати бедори ҳам бошем.
Ба мисли пуштаҳо дар пушти ҳам қомат барафрозем,
Даруни гардҳо гурди аламбардори ҳам бошем.
Навои ҳам, давои ҳам, сари болои ҳам гардем,
Қадаҳнӯши зафар аз ҷуръати саршори ҳам бошем.
Ба фарҳанге, ки ҳар як вожааш поку аҳуроист,
Зи шарри Аҳриманкирдорҳо тӯмори ҳам бошем
ОЗАР САЛИМ
Добавить комментарий
Ахбор
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



