Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Озмуни «Эъҷози Истиқлол»-дастгирии навбатии рўзноманигорони Хатлон
Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода бо имзои як ќарор миёни рўзноманигорони вилоят озмуни «Эъљози Истиќлол»-ро таъсис дод.Тавре шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад, барои ин озмун маблағи 35 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
- Ин озмун бо мақсади ҳавасмандсозӣ ва дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва ҷумҳурӣ, ки дар инъикоси раванди корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби фаъолияти бунёдгаронаи соҳибкорон, аҳли ҷомеа, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, рушди деҳот, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд, доир мегардад, - навиштааст сомонаи khatlon.tj.
Ҳамчунин Озмуни «Эъҷози Истиқлол» ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ба хотири рушди истеъдоди нигорандагӣ, дастгирии эҷодкорони вилоят, ташвиқу тарғиб намудани корҳои ободониву созандагӣ дар маҳаллаву деҳа, деҳоту шаҳрак, ноҳияву шаҳрҳо дар сатҳи вилоят ташкил карда мешавад.
Ҳадафҳои аслии озмун дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ инъикоси ҳамаҷонибаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бозтоби рушди самтҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва натиҷагирӣ аз вазъи соҳаи фарҳангу маънавиёт ва бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят дар давраи 30 соли соҳибистиқлолии кишвар ва ғайра эълон гардидааст.
Масъулин тамоми қаламкашони расонаҳои вилоят ва хабарнигороне, ки дастовардҳои вилоятро дар ВАО-и ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ инъикос мекунанд, барои иштирок дар озмун даъват намудаанд.
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
— “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ”;
— “Беҳтарин барномаи телевизионӣ”.
Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Эъҷози Истиқлол» пешниҳодшуда бояд тавассути телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2020 то 20 августи соли 2021 пахш ва ё нашр гардида бошад.
Озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ба ғолибон аз рӯйи ду номинатсия мукофотпулӣ ба таври зайл муқаррар карда мешавад:
— номинатсияи “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ”
Ҷойи якум – 10 000 сомонӣ
Ҷойи дуюм – 5000 сомонӣ
Ҷойи сеюм – 2500 сомонӣ
- номинатсияи “Беҳтарин барномаи телевизионӣ”
Ҷойи дуюм – 5000 сомонӣ
Ҷойи сеюм – 2500 сомонӣ
Инчунин барои иштироки фаъолона рӯзноманигорон бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» сарфароз гардонида мешаванд.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


