Бойгонӣ
Ноябрь 2026 (21)
Октябрь 2026 (48)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ПАРКИ САНОАТИЮ ЛОГИСТИКИИ ВИЛОЯТИ НОВОСИБИРСК


НОВОСИБИРСК, 13 ноябр. Дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Россия Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз Парки саноатию логистикии вилояти Новосибирск боздид намуда, бо роҳбарияти он мулоқот анҷом доданд.
Зимни боздид ба ҳайати вилояти Хатлон имкониятҳои истеҳсолӣ, инфрасохтори муосир ва шароити мусоиди фаъолияти Парки саноатию логистикӣ муаррифӣ гардиданд.
Парки саноатию логистикии вилояти Новосибирск яке аз бузургтарин паркҳои саноатии Сибир ба ҳисоб рафта, дорои маҷмӯи пурраи инфрасохтори муосир барои ҷойгир намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳои логистикӣ мебошад. 
Ҷойгиршавии мусоиди парк дар наздикии шаҳри Новосибирск, ки яке аз марказҳои бузурги иқтисодию маъмурии Россия ба шумор меравад, инчунин мавҷудияти инфрасохтори пуриқтидори нақлиётиву логистикӣ барои интиқол ва тақсимоти самараноки молу маҳсулот заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Тавассути ин имкониятҳо ширкатҳои дар ҳудуди боғ фаъолияткунанда метавонанд маҳсулоти худро на танҳо ба бозори Сибир, балки ба минтақаҳои Шарқи Дур, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бароранд.
Ҳамчунин, ҳудуди парк бо тамоми инфрасохтори зарурӣ таъмин буда, шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ дар наздикии қитъаҳои замин ҷойгир шудаанд, ки барои ба таври фаврӣ пайваст намудани корхонаҳои нав ба онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.
Зимни мулоқот масъалаҳои истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти таъсиси паркҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, рушди иқтидори истеҳсолӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Боздид аз ин маҷмааи саноатию логистикӣ барои омӯзиши таҷрибаи муосири ташкили инфрасохтори саноатӣ ва баррасии имкониятҳои татбиқи чунин лоиҳаҳо дар вилояти Хатлон муҳим арзёбӣ мегардад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ